Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода фарорасии Рӯзи донишро ба аҳли маорифи вилоят табрик гуфт

1-уми сентябр дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба Рӯзи Дониш чорабинӣ доир шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок дошт.

Раиси вилоят фарорасии Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба донишҷӯён ва устодон ва дар симои онҳо ба кулли маорифчиёни вилоят табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи сифатан наву тозаро дар таърихи муассисаҳои илмиву таълимии кишвар боз намуд.

Таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамаҷониба ва рӯзафзуни  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба соҳаи илму маориф ва  мақоми зиёиён дар ҷомеа нақши амиқ ва файзбахш гузоштааст.

Дар меҳвари ин сиёсати иҷтимоӣ пешбурди кулли соҳаҳои афзалиятноки ҳаёти ҷомеа мавқеи шоиста дорад. Бахусус, таъсису тавсеаи фаъолияти муассисаҳои нави миёнаву олии таълимӣ, ба вуҷуд овардани низоми чандзинагии таълиму омӯзиш аз иқдомҳои наҷибест, ки аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд. Дар саргаҳи дастуру супоришҳо, амру фармонҳои Сарвари давлат доир ба мактабу маориф ва илм аслан се масъалаи муҳим ва калидӣ - татбиқи якҷояи низоми мукаммали илму таълим ва тарбия қарор дорад.

-Ба андешаи Сарвари давлат, рӯ овардан ба китобу маънавиёт, пайванди ногусастании таълим, илм, тарбия ва бархурдорӣ аз арзишҳои маънавӣ ва ахлоқиву тарбиявии ниёгон метавонанд заминаҳои камолоти инсони комилро фароҳам оранд, - иброз дошт роҳбари вилоят.

Раиси вилоят аз нақши Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар тарбияи кадрҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки таъмири кулливу ҷории биноҳои таълимии донишгоҳ, муҷаҳҳаз гардонидани 30 лаборатория, таҳкими базаи моддиву техникии донишгоҳ, таъсиси 15 ихтисоси наву замонавӣ ва дигар ташаббусҳои ободониву созандагии донишгоҳ аз муҳимтарин дастовардҳо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбанд.

-Бо истифода аз ин имкониятҳо, вазифаи муқаддаси донишгоҳ аст, ки ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, худшиносу худогоҳ ва донишманду баландихтисосро тарбия намояд. Ҷавонони мо бояд ворисони сазовори насли калонсол гарданд, ба қадри неъмати истиқлол, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии миллат расанд, дониши мукаммалу ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ дошта бошанд ва барои пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳиссаи арзанда гузоранд,-ёдовар шуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Боиси зикр аст, ки дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ назаррас буда, иштирок ва сазовор гардидани 109 нафар донишҷӯи донишгоҳ ба ҷойҳои ифтихорӣ дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», "Дониш талабу бузургӣ омӯз..." аз дастовардҳои донишгоҳ мебошад, ки 50 нафари онҳо ба ҷойи якум, 28 нафар ба ҷойи дуюм ва 31 нафар ба мақомҳои сеюм далели ин гуфтаҳост.

Дар панҷ соли охир бо назардошти дастовардҳои муҳими илмиву эҷодӣ устодони донишгоҳ бо ҷоизаҳо ва мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 17 нафар бо мукофоти давлатӣ, 46 нафар бо унвони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва 60 нафари дигар бо мукофоту ифтихорномаҳои соҳавии маорифу фарҳанги кишвар қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамкориҳои судманд ва муштараки донишгоҳ бо 92 муассисаи таълимӣ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ, таҳсили муҳассилини хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон, татбиқи 5 лоиҳаи барномаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Эрасмус Плюс боиси дастгирӣ буда, минбаъд низ вусъат додани чунин ҳамкориҳо барои таҳкими муносибатҳои илмиву таълимӣ мусоидат хоҳад кард.

Роҳбари вилоят изҳори боварӣ кард, ки кору пайкор ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар Соли нави таҳсил низ барои тамоми ҳайати устодон, профессорон, донишҷӯёни донишгоҳ барнома ва қутбнамои фаъолият баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тадрис, тарбия, корҳои илмӣ ва ба ин васила, саҳм гузоштан барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh