Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи дониш

Омӯзгорони арҷманд!

Шогирдони азиз!

Таҷлили Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсилро, ки ба арафаи таҷлили яке аз санаҳои муқаддаси таърихи давлатдориамон – 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ба кулли кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону донишҷӯён, хонандагон, падару модарон ва мардуми сарбаланди вилоят самимона табрик мегӯям.

Воқеан ҳам, Истиқлол ҳамчун рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ аз ҳар кадоми мо талаб менамояд, ки ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ пайваста талош намоем. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба мансаби Роҳбари давлат интихоб шуданашон дар баробари таъмини сулҳу амният, оромию осоиштагӣ ва суботи сиёсӣ ба рушду инкишофи низоми илму маърифат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, роҳи наҷоти халқу миллатро дар эҳёи илму маориф маънидод намуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид доштанд, ки: “Мо дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон доштем ва дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат тадбирҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ гардонидем”.

Воқеан, соҳаи маориф натанҳо яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, балки он пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, дар вилоят низ сол аз сол ба соҳаи мактабу маориф диққати хоса дода мешавад. Маҳз дастгирии омӯзгорону хонандагон аст, ки панҷ сол инҷониб теъдоди ғолибони олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, хонандагон, мураббияву омӯзгорони пешқадаму навовари мо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мақомҳои арзандаро ишғол менамоянд. Бахусус, иштироки фаъоли хонандагону донишҷӯёни вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азиз ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” шоистаи таҳсин буда, аз дараҷаи баланди омодагӣ ва касбияти хонандагону устодон гувоҳӣ медиҳад.

Алҳол пешорӯи мо вазифаи хеле пурмасъул‐фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, ҳарчӣ бештар фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, тарбияи ҷавонони бо донишҳои замон мусаллаҳ ва худшиносу худогоҳ истодааст. Итминони комил дорам, ки омӯзгорони масъулиятпеша ва соҳибиродаи мо анъанаи пешини устоду шогирдро идома дода, фарзандони кишварро дар руҳияи хештаншиносӣ, дӯст доштани обу хоки Ватан ва садоқат ба арзишҳои миллӣ тарбия мекунанд.

Бори дигар, ҳамаи хонандагону донишҷӯёни вилоятро бо фарорасии Рӯзи дониш ва 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, орзуи онро дорам, ки ҳар рӯзи кишвари мо рӯзи донишу маърифат, рӯзи хираду заковат ва рӯзи фарҳангу маънавиёт бошад.

Рӯзи дониш муборак!

Add comment


Security code
Refresh