НИГОҲИ НЕК БА ФАРЗАНД

Тарбияи насли наврас дар асл хеле душвор ва заҳматталаб мебошад ва инро дар вақташ адибон, мутафаккирон, равоншиносон хуб дарк намудаанду асарҳои пандуахлоқӣ ва тарбиявӣ эҷод кардаанд.

Мо ин мавзӯъро дар эҷодиёти Унсурулмаолии Кайковус, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Саъдии Шерозӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон дида метавонем. Тарбия кори шахсӣ набуда, ҷомеа низ метавонад нақши бориз бозад. Ин нуктаро борҳо Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду Паёмҳояшон қайд намудаанд. Аз ҳамин сабаб дар кишвари мо аз соли 2011 инҷониб Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуда, он амал карда истодааст.

Мо калонсолон, ба амалҳои неки фарзандони худ ниҳоят кам аҳамият медиҳем ва бештар аснои роҳ додан ба хатоӣ онҳоро сарзаниш менамоем. Бояд мо ин тарзи муносибати худро тағйир диҳем ва ба ҳар амали иҷронамудаи фарзанд бо нигоҳи нек назар кунем ва аҳсант хонем, ҳатто, агар кори хурд бошад ҳам, гуфт собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилбар Турсунова. Пеш аз ҳама мо бояд ба айёми бачагии фарзанди худ дохил шавем. Бигзор шавқу ҳаваси ӯ аз они мо бошад. Барои ин бештари вақти худро бо фарзандон гузаронем, ба манфиати кор аст. Туҳфаи худро бо ҷумлаҳои «Ман туро дӯст медорам ва барои ту инро тайёр намудаам» диҳем, боз ҳам муҳаббати мо зиёд мегардад. Албатта, ҳарфҳои дӯстдориро аз хотир набарорем,‐гуфт собиқ омӯзгор, Аълочии маориф ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Олимов.

- Ба фарзанд бо меҳрубонӣ муносибат кунед, онҳо ташнаи муҳаббату дӯстдорӣ мебошанд. Онҳо калон шуда бошанд ҳам, меҳрубонӣ ва дӯстдории худро дареғ надоред,-гуфт Қаҳрамонмодар Меҳрӣ Қосимова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва илова намуд, ки моро мебояд аз як гиребон сар бароварда, дар тарбияи неки онҳо кӯшем, зеро ояндаи кишвар ва шукуфоии Ватан аз таълими хуби насли наврас ва ҷавонон маншаъ мегирад.

Насимҷон МУХТОРОВ,

«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh