МАОРИФ ВА МАВҚЕИ ОН ДАР ОЛАМИ МАЪНАВИИ ҶОМЕА

Санаи 20-уми августи соли равон дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят баргузор гардид. Дар машварат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм, намояндагони соҳаи маорифи вилоят, собиқадорони соҳа, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.

Чорабиниро муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҳусни оғоз бахшид. Муҳимият ва ҳадафи асосии ин ҳамоиши касбӣ дар он сатҳ қарор дошт, ки бурду бохт ва вазифаҳои навбатии соҳаи афзалиятноки ҷомеа маорифи миллӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, роҳҳои пешрафту таъмини устувори таълиму тарбияи насли наврас муайян карда шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади хеш изҳор дошт, ки дар арафаи фарорасии Рӯзи дониш ва 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардидани мулоқот басо рамзист, зеро маҳз дар солҳои соҳибистиқлолии Ватанамон соҳаи маориф самти афзалиятнок ва ҳаётан муҳими сиёсати иҷтимоӣ эълон гардид ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди босуботи ин соҳа тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят дар чунин марҳалае баргузор мегардад, ки раванди бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз вусъат гирифта, аҳли ҷомеа ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаи миллӣ аз тамоми имкониятҳо босамар истифода мебаранд. Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илму маорифро вазифадор намудаанд: “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ба корҳои эҷодиву техникӣ вазифаҳои муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Дар ин радиф, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ба соҳаи ҳаётан муҳимми ҷомеа таваҷҷуҳи хоса дорад. Соли равон маблағгузории соҳаи мазкур аз 1 миллиарду 436 ҳазору 990 сомонии соли 2020 ба 1 миллиарду 116 миллиону 934 ҳазору 172 сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 11,6 фоиз зиёд мебошад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки нақши соҳаи маориф дар сохтори сиёсиву иҷтимоии давлат ҳалкунанда буда, барои баланд бардоштани маърифатнокӣ ва камолоти маънавияти ҷомеа мавқеи беназир дорад.

Маҳз ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба мактабу маориф боис гардид, ки соли 2020 дар ду озмуни бонуфузи касбии ҷумҳурияӣ Таҳмина Ҳоҷибоева мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №8‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиби озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон‐2020” ва Дилором Ҷалолова омӯзгори фанни биологияи Муассисаи таълимии давлатии Мактаб барои хонандагони болаёқати ҳамин ноҳия дар озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон 2020” ба дарёфти ҷои дуюм сазовор гардид. Илова бар ин, соли равон Вилоят Болтуева роҳбари маҳфили дастони моҳири Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Спитамен дар миқёси ҷумҳурӣ ғолиби озмуни “Беҳтарин роҳбари маҳфили соли 2021” пазируфта шуд. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки 74 нафар хонандаи лаёқатманди муассисаҳои таълимии вилоят ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннии давлати Туркия ва Ҷумҳурии Қазоқистон, 3 нафар ғолибони олимпиадаи байналмилалии лоиҳавии Олмон ва 773 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фосилавии давлатҳои Федератсияи Россия, Амрико, Таиланд, Хитой ва Эрон гардиданд.

Барои ҳавасманд намудани хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ва омӯзгорони онҳо, ки дар олимпиадаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, ғолибият ба даст овардаанд, аз ҳисоби буҷети вилоят 191 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2020‐2021‐ум 36 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят ба даври ниҳоии озмун барои дарёфти медалҳои тиллою нуқра роҳ ёфта, 28 нафар, аз ҷумла 25 нафар бо медали тилло ва 3 нафар бо медали нуқра сарфароз гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили гузашта 13 нафар зиёд мебошад. Соли гузашта намояндагони вилоят дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сарбаландона иштирок намуда, Шоҳҷоизаи озмун насиби Раъно Насриддинова хонандаи синфи 11‐и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28‐и шаҳри Панҷакент гардид. Алҳол даврҳои якум ва дуюми озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм‐фурӯғи маърифат” ҷамъбаст гардид, ки шумораи иштирокчиён нисбат ба соли гузашта зиёд шудааст. Умед дорам, ки дар даври ҷамъбастии озмунҳои мазкур намояндагони вилоят донишу маҳорати худро нишон дода, ғолибият насиби онҳо мегардад, зикр намуд Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода. Дар миқёси вилоят 28 маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият намуда, дар 667 маҳфил 93 ҳазору 658 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шудаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аъзои маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар озмунҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Аморати Муттаҳидаи Араб, Маҷористон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок намуда, 4 медали тилло, 3 нуқра ва 8 биринҷиро ба даст оварданд. Ҳамчунин Раиси вилоят оид ба камбудиҳои соҳа фикру андешаҳои худро иброз намуда, ҷиҳати ислоҳи онҳо дар соли нави хониш дастуру маслиҳатҳо дод. Муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм иштирокдоронро аз номи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо фарорасии соли таҳсили 2021 – 2022 таҳният гуфта, ба аҳли маориф дар ҷодаи касби интихобкардаашон бурдбориву комёбӣ таманно кард. Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳамчунин дар масъалаҳои мубрами соҳа сухан кард.

Ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббияи соли Тоҷикистон 2020”, тарбиятгар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибоева, барандаи шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Раъно Насриддинова, барандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ омӯзгори Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҷӯрабой Бобоҷонов изҳори сипоси худро ба давлату Ҳукумат расонида, изҳори бовар намуданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати худро ҷиҳати соҳиб шудан ба дастовардҳои бузург ва ободию осудагии диёр равона хоҳанд кард.

Дар вазъияти тантанавӣ собиқадорони соҳа, роҳбарони муассисаҳои таълимиву томактабӣ, сарпарастон, бо мукофоти пулӣ, Сипосномаи Раиси вилоят, Ҷоизаи Раиси вилоят, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, унвони ифтихории “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гаштанд. Барномаи фарҳангӣ табъи иштирокдоронро болида гардонид.

Хабарнигори

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh