ЗИНАҲОИ ЗАМОНАВИИ ТАЪЛИМ

Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, устодон, ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан иттилоъ дод, ки донишкада дорои се факултет ва 12 кафедра буда, ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи асосии робитаҳои байналмилалӣ рушди муносибатҳои байналхалқӣ дар соҳаи маориф ва робитаи дуҷонибаи ДИС ДДТТ бо донишгоҳҳои мамолики дунё мебошад.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 барои ҳайати профессорону устодони кафедраҳои тахассусии донишкада дар доираи лоиҳаҳои грантӣ ва ҳамкориҳои тарафайн аз ҷониби экспертони Донишгоҳи Лауреаи Финляндия Кари Халмё, Донишгоҳи Истанбули Окан профессорон Ирем Ялки Беркер ва Оя Кент чор маротиба силсилаи семинар тренингҳо доир шуд, ки дар он зиёда аз 40 нафар омӯзгорон иштирок намуда, соҳиби сертификат гардиданд. Дар ин давра конференсияи байналмилалии ҷамъбастии лоиҳа дар мавзӯи "Баландбардории рақобатпазирии хатмкунандагон иқтисодчиён дар асоси прин‐сипҳои раванди Болонӣ" бо ширкати намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми шарикони хориҷӣ баргузор гардид. Санҷиши омодагии донишкада баҳри гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ яке аз мақсадҳои асосии лоиҳа буда, бо Оҷонсии байналмилалӣ барои таъмини сифати таҳсилот ва аккредитатсияи Олмон AQAS чорабиниҳои худбаҳодиҳӣ гузаронида шуд. Ҳисоботи оҷонсии AQAS ҷиҳати худбаҳодиҳӣ ба забони русӣ тар‐ҷума шуда, барои корбарӣ ба гурӯҳи корӣ дастрас карда шудааст. Пояи моддӣ‐техникии донишкада ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад.

Дар донишкада шабакаи электронии автоматикунонии идоракунии маъмурӣ ва назорати сифати таҳсилот "АLFА ХРress" амал менамояд. Дар он ҳамаи маълумот оид ба ҳар як донишҷӯ, аз ҷумла, варақаи шахсӣ, ғоибҳо, холҳои ҳавасмандкунии донишҷӯён, натиҷаҳои санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ, маводҳои дарсии профессорону омӯзгорон силлабусҳо, маҷмӯаҳои таълимӣ‐методӣ, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаҳои мисолу масъалаҳои фаннӣ, тестҳо, мисолу масъалаҳои имтиҳонӣ ва ғайра ворид карда мешаванд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз он васеъ истифода менамоянд. Санҷишҳо ва имтиҳонҳо тавассути шабакаи ягона қабул карда мешаванд. Донишҷӯ баробари ба итмом расидани имтиҳон, имкон дорад бо баҳои худ шинос шавад. Ин тадбирҳо баҳри шаффоф гузаштани имтиҳон ва баҳогузории объективона мусоидат менамояд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh