ХАТМКУНАНДАГОН БА КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ҶАЛБ ГАРДИДАНД

- Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон таҳсилро бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда, аз рӯи 18 ихтисоси равияи кӯҳӣ - металлургӣ мутахассисон омода менамояд. Алҳол дар донишкада 3467 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз ин миқдор 3277 нафар тариқи шартномавӣ ва 190 нафар тариқи буҷавӣ мебошанд. Баробари ин дар донишкада 96 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Афғонистон таҳсил карда истодаанд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали ректори донишкада Замониддин Насриддинов.

Таъкид гардид, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши муҳассилин раёсати донишкада имконияти хуби таҳсил, аз ҷумла истифодаи таҷҳизоти мултимедӣ, технологияи иттилоотӣ ва шабакаи интернетии баландсуръат, проектору тахтаҳои электронӣ, компутери ҳозиразамон, принтер, китобхонаи электронии бо шабакаи интернет пайвастшуда ва варианти электронии адабиёти тахассусӣ мавриди истифода қарор дорад, ба роҳ мондааст. Иттилоъ дода шуд, ки донишкада бо корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла ҶМТКММ "Апрелевка", ҶСК "Ангишт", ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой", ҶДММ "Ширкати идоравии минтақавии саноатии Тоҷикистону Хитой" заводи металлургии шаҳри Истиқлол, ҶСК "Суғднафтугаз" ва амсоли ин шартнома бастааст.

Хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетӣ ба корхонаҳои мазкур барои фаъолияти корӣ намудан сафарбар мешаванд. Дар мавриди бо ҷойи корӣ таъмин гардидани муҳассиллини донишкада масъулин гуфтанд, ки алҳол корхонаҳои саноатии вилоят ба донишҷӯёни баландихтисос ниёз доранд ва аксар хатмкунандагон аллакай бо ҷойи кории доимӣ таъмин ҳастанду бархе дар раванди таълим фаъолияти хуби кориро доранд. Ҳамзамон дар назди донишкада сехи истеҳсолӣ амал мекунад, ки ба он ҷо донишҷӯёни камбизоат ва ятиму нимятим ҷалб шуда, бо маоши хуб таъминанд.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ аз тарафи рӯзноманигорон доир ба ҳолати кунунии парки технологӣ, таъминот бо ҷойи корӣ, тадбирҳо оид ба пешгирии гаравидани муҳассилин ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҷиноятсодиркунии донишҷӯён, таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ҷалби довталабон ба донишкада, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноативу ғайрисаноатӣ, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ва амсоли ин саволу ҷавоб доир гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh