ДАСТОВАРДИ СОҲА: 38 МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА

Сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон оид ба нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти маорифчиёни вилояти Суғд дар нимсолаи аввали 2021 гузориш дод.

-Дар вилоят 280 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият намуда, 44 ҳазору 916 нафар кӯдакро ба тарбия фаро гирифтаанд. Шумораи муассисаи томактабӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 8 адад афзудааст. Раёсати маорифи вилоят тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби зиёд намудани шумораи кӯдакон дар Марказҳои инкишофи кӯдак ва сохтмони муассисаҳои томактабии хусусӣ фарогирии кӯдаконро ба таҳсилоти томактабӣ дар солҳои наздик ба 30 фисад расонад, гуфт сардори раёсат. Қайд гардид, ки дар ҳудуди вилоят 13 муассисаи таълимии типи мактаб‐интернат фаъолият доранд. Дар муассисаҳои номбурда 1 ҳазору 227 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва зисти тарбиятгирандагон дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони хусусӣ барои 200 нафар кӯдак сохта шуда истодааст, ки дар он кӯдакони ятиму бепарастори маҳалҳои гирду атрофи шаҳр ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Илова бар ин, дар шаҳр барои таъсиси интернат барои кӯдакони кару гунг ва шунавоиашон суст корбарӣ оғоз гардидааст. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷамъбасти 42‐юмин Сессияи Академияи хурди илмҳо 31 нафар хонандаи фаъоли муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба узви пайвастаи (узви ҳақиқӣ‐Шоҳҷоизаи озмун) Академияи хурди илмҳо соҳиб шуда, 68 нафар узви вобаста гардиданд. Ҳамчунин, 103 нафар дар бахшҳои мухталиф соҳиби мақоми аввал, 56 нафар соҳиби мақоми дуюм, 61 нафар соҳиби мақоми 3‐юм гардида, 31 нафар бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳо қадр карда шудаанд. Бо ба даст овардани ин нишондиҳанда дастаи вилояти Суғд мақоми аввалро дар ҷумҳурӣ соҳиб гардид.

‐Хонандагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ сарбаландона иштирок намуда, сазовори 473 ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 53 ҷойи якум, 144 ҷойи дуюм ва 276 ҷойи сеюм, гардиданд, ки ин нишондиҳандаи дуюм дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад. Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти аттестатсияҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз муассисаҳои таълимии 9 шаҳру ноҳияҳои вилоят 38 нафар барои дарёфти медалҳои тилло ва нуқра ҳуҷҷат пешниҳод намуда, сазовори дастоварди соҳа гарданд. Саволу ҷавоб байни рӯзноманигорон ва сардори раёсат оид ба масъалаҳои марбут ба соҳа ҷараён гирифт.

Шоира КАРИМЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh