ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ИЛМӢ

–Маврид ба зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ байни Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишномаи ҳамкорӣ дар ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк аз ҷониби директори ширкати номбурда Вадим Осипенко ва банда ба тасвиб расид, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ.

Гуфта шуд, ки минбаъд ҳарду ҷониб неруҳои худро барои ташкили гурӯҳи тадқиқотӣ фаъол ва ҳамоҳанг мекунанд ва барои татбиқи муштараки истеҳсолот ва таҳқиқоти технологӣ равона карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки донишкадаи мазкур аз рӯйи 29 ихтисоси зинаи бакалавриат (5 ихтисос дар шуъбаи ғоибона (фосилавӣ) ва аз рӯйи 29 ихтисоси бакалавриатура таҳсилоти дуюм (фосилавӣ)), 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD), инчунин 13 курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва барои парки технологӣ 10 курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фаъолият мебарад. Онҳо ихтисосҳои самтҳои технологияи иттилоотӣ, энергетика, сохтмон, нақлиёт, меъморӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, бофандагӣ, маҳсулоти хӯрока, агротехнология ва иқтисодиёт мебошанд. Соли ҷорӣ қабул аз рӯи 8 ихтисоси нав, зинаи бакалавриат ва 2 ихтисоси магистратура ба роҳ монда шудааст. Дар донишкада аз соли равон 6 лоиҳаи илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда оғоз гаштааст, ки онҳо ба ҳалли муаммоҳои актуалии иқтисоди мамлакат нигаронида шудааст. Я

ке аз онҳо лоиҳаи илмӣ бо номи «Коркарди тарҷумони тоҷикӣ дар асоси технологияи «Google» мебошад, ки мутахассисон барои фаъол гардонидани ин лоиҳа кӯшишу ғайрат доранд. Соли равон донишкадаро ҳамагӣ 835 нафар, аз он ҷумла, 795 нафар зинаи бакалавриат бо таҳсилоти рӯзона ва фосилавӣ, 92 нафар зинаи бакалавриатро бо шакли таҳсили фосилавӣ, 34 нафар зинаи магистратура ва 5 нафар зинаи докторантура (PhD)‐ро хатм намуданд. Дар панҷ соли охир миқдори озмоишгоҳҳо аз 20 ба 36 адад расонида шудааст.

Озмоишгоҳҳои мавҷудаву навсохта бо таҷҳизоти замонавӣ мутобиқи талаботи нави фанҳои техникиву технологӣ аз рӯйи стандарту нақшаҳои нави таълим таъмин гаштаанд, ки ин барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ аз тарафи магистрантон ва докторантон имконият медиҳад. Соли равон шуъбаи робитаҳои хориҷӣ якчанд шартномаро бо чанд муассисаи таълимӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар мисоли Россияву Қазоқистон, Ӯзбекистону Қирғизистон, Украинаву Белорус ва дигар мамолик ба имзо расонид, ки бо онҳо ба тарзи онлайн кор рафта истодааст.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh