ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯ АФЗУН ГАРДИД

Дар нишасти матбуотии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Замира Мансурӣ - мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд қайд кард, ки Раёсат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамояд.

Шумораи ҷавонони аз 14 то 30 сола дар вилоят 930 ҳазору 900 нафар буда, аз онҳо 467300 писар ва 463600 нафар духтар мебошанд. Теъдоди хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон дар давраи мазкур 440 нафар мебошанд. Сазовор гардидани панҷ нафар ҷавони фаъолу болаёқати вилоят бо ҷоизаи Кумита ва се нафар стипендияи Раиси Кумита боиси ифтихор аст.

Шумораи умумии гирандагони стипендияҳо дар вилоят 788 нафар буда, аз ин шумора 95 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ, 130 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилоят барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, 519 нафар гирандагони стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо ва 44 нафар дигар сарпарастон мебошанд. Ба ҳолати нимсолаи аввали соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 277 нафар ҷавон дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда, 91 нафар дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 359 нафар ҷавонон дар ҳайати Маҷлиси вакилони халқи шаҳраку деҳот фаъолият намуда истодаанд. Ҳамчунин, давоми шаш моҳи соли 2021 аз ҷониби ҷавонон 613 адад ҷиноят (дар ҳамин давраи соли 2020‐592 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‐ум 21 ҷиноят зиёд гардидааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 сатҳи ҷинояткорӣ байни ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод ташвишовар мебошад. Бояд гуфт, ки мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар вилоят 2745 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 48 варзишгоҳ, 1893 майдончаи варзишӣ, 602 толори варзишӣ, 37 ҳавзи шиноварӣ ва 165 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, дар шашмоҳаи аввали соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар маҷмӯъ 22 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 15 майдончаи варзишӣ, ду толор ва як маҷмааи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 1,076,000 сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 6,360,000 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар вилоят 44 мактаби варзишӣ амал менамоянд, ки дар онҳо 1267 гурӯҳ бо фарогирии 16198 машқварзони наврасу ҷавон аз намудҳои олимпӣ ва 263 гурӯҳ аз намуди миллӣ бо фарогирии 3295 машқварзони наврасу ҷавон амал намуда, ҳамарӯза ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд. Дар хотима намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои хеш аз ҷонишини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд посух гирифтанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh