ХОНАНДАГОН ВА МАВСИМИ ТАЪТИЛ

Баробари фаро расидани фасли гармо таътили тобистона оғоз мегардад ва толибилмон бо шодиву сурури беандоза ба таври гуногун онро паси сар мекунанд. Яке ба урдугоҳ раҳсипор мешаваду дуюмӣ баҳри омӯзиш ба марказҳои ҳунармандӣ ва сеюмӣ ба обутоби бадан машғул мегарданд.

Баробари фаро расидани таътили тобистона фарзанди худро ба ҳунаромӯзӣ, аз ҷумла кашидадӯзӣ ҷалб месозам, зеро рӯзона дар кор ҳастаму имконияти бо ӯ машғул шуданро надорам. Ҳадафи ба ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани фарзандам он аст, ки намехоҳам, аз бекорӣ ба кӯча барояду бо шахсони ношинос ҳамсуҳбат шавад, гуфт сокини шаҳри Гулистон Шарифа Файзуллоева.

Боиси таъкид аст, ки дар шаҳри Гулистон Муассисаи давлатии маркази таҳсилоти иловагӣ амал мекунад, ки дар он ҷо духтаракон бо ҳунари кашидадӯзӣ машғул ҳастанд. Роҳбари гурӯҳи ҳунари кашидадӯзӣ Вазира Абдулфайзова зимни суҳбат гуфт, ки дар вақти таътили тобистона аксар мехоҳанд фарзандонашон, алалхусус духтаракон вақти худро беҳуда сарф накарда, ба омӯхтани ҳунар машғул бошанд. Ҳунаромӯзӣ ройгон буда, ҳар нафар метавонад ба марказ муроҷиат кунад.

Ҳоло 15 нафар гулдухтарон соҳибкасб гардида, дар ин ҷода ба муваффақият ноил гаштаанд. Аз он хурсанд ҳастам, ки дар муддати кӯтоҳ ду нафар хонандаи марказ Ихтиёрзода Меҳрафрӯз ва Файзуллозода Нафиса фармоиши мизоҷонро қабул карда, бо сифати хуб ва вақти кӯтоҳ корро ба анҷом мерасонанд. Мо кӯшиш мекунем, ки хонандагонро ба ин ҳунар бештар ҷалб карда, сафи ҷавондухтарони ҳунармандро зиёд кунем, гуфт Вазира Абдулфайзова. Вале, бархе аз хонандагони мактаб вақти худро беҳуда сарф мекунанду ба ҳар васила рӯзи худро паси сар намоянд. Боиси таъкид аст, ки солҳои охир дар назди ҳавлиҳои истиқоматӣ майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакону наврасон сохта мешаванд, ки ин иқдом бештар дар шаҳри Хуҷанд ба чашм мерасад. Сокинон аз майдончаҳои мазкур истифода мебаранду кӯдакону наврасон вақти холигии худро дар ин майдонча мегузаронанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод алҳол дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шуда истодааст.

Дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 7 варзишгоҳ, 185 майдончаи варзишӣ, 68 толори варзишӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ, 37 иншооти махсуси варзишӣ ва як маркази варзишӣ ва солимгардонӣ мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Ҳамчунин, бунёд ва азнавсозии толор ва майдончаҳои варзишӣ бомаром идома доранд. Дар шаҳр мактабҳои варзишӣ бо теъдоди 132 нафар мураббӣ аз рӯи 29 намуди варзиш ба 4090 нафар варзишгар машқу тамрин медиҳанд, ки аз ин шумора 421 нафар духтарон мебошанд. Рӯ ба рӯи ҳавлии истиқоматиамон як бинои баландошёнаи боҳашамат қомат афрохтааст. Баробари он майдончаи варзишӣ низ сохта шуд, ки аз он бошандагон бо хушнудӣ истифода мебаранд. Дар назди биноҳо айвончаю курсии нишаст барои калонсолон сохта шуда дарахтони ҳамешасабзи сояафкан шинонида шуданд. Рӯзона дар зери дарахтон нишаста, набераҳоямро бонӣ мекунам ва бегоҳӣ бачаҳои маҳалла дар майдончаи варзишӣ бо бозиҳои гуногун машғул ҳастанд.

Сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна хеле хуб аст, зеро кӯдакону наврасон метавонанд вақти худро дар он ҷой гузаронанд, гуфт сокини маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Биоиша Ҳомидова. Ҳамчунин, ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз падару модарон нисбат ба тарбияи фарзанди худ беаҳамият буда, ба кирдори фарзандонашон бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Майдончаро эҳтиёткорона истифода намебаранду аксар бозиҳои шинонидашударо вайрон кардаанд. Хуб мебуд, ки падару модарон барои тарбияи фарзанд ва қадр кардани меҳнати дигарон эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Боиси таъкид аст, ки аксар падару модарон дар ин мавсим фарзандони худро ба лагерҳои рӯзона низ ҷалб карда истодаанд, зеро бе назорат мондани фарзанд боиси дучор шудан ба ҳолатҳои ногувор мебошад. Дар ин замина аксар падару модарон бар он ақидаанд, ки ҷалби фарзандонашон ба марказҳои ҳунаромӯзиву забономӯзӣ, варзишиву солимгардонӣ ва шиносоӣ бо ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ имконият фароҳам меорад, ки онҳо ба корҳои беҳудагардиву амалҳои ношоям даст назананд.

Ӯғулойи СИДДИК,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh