ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК

Насли наврас, махсусан ҷавонон сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои дар ҷаҳон муаррифӣ сохтани Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.

Омӯзгорон ва хонандагони Гимназияи №1‐и ба номи Абдурасул Нозирови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонро пайваста иҷро менамоянд. Як зумра хонандагони гимназия аз ҷумла, хонандагони синфҳои 11‐ум Шаҳзод Муқимов, Мухлиса Исобоева, Лайло Бозорова, синфҳои 10‐ум Шаҳзода Ахмедова, Сарвиноз Холматова, Маҳина Содиқова, синфи 7‐ум Эъзоза Абдуваҳҳобова, синфи 6‐ум Мадина Маннонова дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои гуногун ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд. Чуноне мебинем, аз як даргоҳи илм хонандагоне, ки дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардидаанд, 9 нафаранд. Ин нишонаи дурусти таълиму тарбия мебошад. Саҳми директори гимназия Муқаддамхон Ӯрунбоева дар муваффақ гардидани хонандагонаш хеле назаррас аст.

Чуноне худи ӯ иброз медорад, барои ба ин комёбиҳо ноил гардидан заҳмати шабонарӯзии омӯзгорони гимназия хеле бузург аст. Ин ҷо номи баъзе аз онҳоро ба забон овардан аз рӯи эҳтиром аст. Омӯзгорони фанҳои технологияи иттилоотӣ Маъсума Анварова, забони русӣ Бишарифа Маҳмудова, забони давлатӣ Дамирдухт Заррина, Мушаррафа Расуловаро бо ифтихор ном мебарем. Хусусан, заҳмати омӯзгор Мушаррафа Расулова хеле калон аст, зеро 5 нафари ғолибони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ шогирдони ӯ мебошанд. Ғолибони олимпиада 29‐уми майи соли равон аз шаҳри Душанбе бо сари баланд ба зодгоҳ баргаштанд.

Қатори истиқболгирандагон директори гимназия М.Ӯрунбоева, раиси иттифоқи касабаи таълимгоҳи мазкур С.Зарифова, муовини директор оид ба корҳои таълим М.Ирматова, омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик М.Расулова, технологияи иттилоотӣ Ф.Қосимов буданд, ки шогирдони болаёқатро бо гулдастаҳо пазироӣ намуданд. Банда низ бо ифтихор наберачаи ғолибам, яке аз хонандаи синфи 10а Шаҳзода Ахмедоваро пешвоз гирифтам. Иштирок дар ин озмуни бонуфуз ва муваффақияти онҳо нафақат барои устодон, балки барои мо падару модарон хурсандии калон буд. Дар хулоса бояд қайд намуд, ки хонандагони таълимгоҳи пешқадами мазкур ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бомуваффақият иштирок карда меоянд.

Икромбек АҲМАДОВ,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh