ҚАДАМИ УСТУВОРУ МАҚСАДНОК

Маъракаи хатми муассисаҳои таълимӣ наздик аст. Алҳол дар вилоят 565 ҳазору 231 нафар хонанда бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи умумии хатмкунандагон дар 938 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, дар соли таҳсили 2020 – 2021‐ум 34 ҳазору 423 нафар аст, ки аз онҳо 17 ҳазор 290 нафар духтар мебошанд. Шумораи умумии хонандагони синфи 9 ум 42 ҳазору 824 нафарро ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов хатмкунандагон ҳуҷҷатҳояшонро ба Маркази миллии тестӣ супорида, алҳол ба пуррагӣ барои шомил гардидан ба макотиби олӣ ва миёнаи махсус омодагӣ дида истодаанд. Омодагӣ ба маъракаи хатм дар шаҳру навоҳии вилоят ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, бино ба маълумоти мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Ботур Расулов, хатмкунандагон назар ба солҳои пеш фаъоланду ҳар яке мехоҳад, аз рӯи касби дӯстдоштааш барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи дохиливу хориҷӣ равона гардад. Дар ноҳияи мазкур шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 77 адад буда, аз он 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 адад гимназия, 8 адад муассисаи томактабӣ ва як маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд.

Шумораи умумии хонандагон 38 ҳазору 905 нафар буда, хатмкунандагон аз ҳисоби синфи 11 ум 2 ҳазору 492 нафар мебошанд. Алҳол 1 ҳазору 330 нафар ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ пешниҳод кардаанд. Ба ноҳия 19 ҷой барои Квотаи Президентӣ пешниҳод шудааст ва 86 нафар аз даври дуюми озмун гузашта, ба даври сеюм роҳхат гирифтаанд. Хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои худро асосан ба кластери панҷум, яъне соҳаи тиб супоридаанд. Аксар мехоҳанд, дар донишгоҳу коллеҷҳои тиббӣ дониш андӯзанд ва умед дорем, ки ҳар яке дар ҷодаи илм роҳи худро хоҳанд ёфт, гуфт Ботур Расулов. Боиси қайд аст, ки дар назди 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2ҳазору 830 нафар хонанда бо ҷалби ҳама намуд маблағгузорӣ сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назди се муассисаи таҳсилоти томактабӣ бошад, барои 320 нафар кӯдак корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Корҳои омодагӣ барои сафарбар кардани хатмкунандагон ба маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳои берун аз кишвар рафта истодааст. Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатқабулкуниро ба анҷом расонид. Муллораҷаб Мавлонов хатмкунанда: Соли равон, пас аз хатми мактаби миёна мехоҳам, ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дохил гардам, зеро нисбат ба омӯзиши қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рағбати беандоза дорам. Мехоҳам, дониши худро сайқал бахшида, баҳри таҳкими волоияти қонун ва пойдории адолат саҳми худро гузорам. Итминон дорам, ки бомуваффақият аз имтиҳони Маркази миллии тестӣ гузашта, ба донишгоҳи интихобкардаам дохил мешавам. Ба ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таълим низ дар ноҳия корҳо ба иҷро расонида шуда истодааст.

Аз 3 ҳазору 293 нафар хатмкунандаи синфи 9 ум 2 ҳазору 671 нафар ба синфи даҳум, 48 нафар ба дигар муассисаҳои таълимии рӯзона, 224 нафар дар муассисаи миёнаи касбӣ, 52 нафар дар муассисаи ибтидоии касбӣ, 54 нафар дар бахшҳои гуногун ва панҷ нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки дар умум 86,1 фоизи хатмкунандагони синфи 9 умро дар бар мегирад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh