БОЗЁФТҲОИ ПАЖӮҲИШГАРОНИ ҶАВОН

Дар сессияи вилоятии "Академияи хурди илмҳо" беш аз 500 кори илмӣ таҳқиқотии хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Санаи 22‐юми майи соли ҷорӣ дар МТМУ №12‐уми ноҳияи Спитамен сессияи вилоятии "Академияи хурди илмҳо" баргузор шуд, ки дар асоси дастури Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Раёсати маорифи вилояти Суғд бо корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят амалӣ гашт.

Чорабинии ифтитоҳии сессияи вилоятии "Академияи хурди илмҳо"‐ро директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов оғоз бахшида, баргузории озмуни мазкурро барои дарёфти истеъдодҳо, ҷалби хонандагон ба корҳои илмӣ таҳқиқотӣ тадбирҳои муҳиму созанда арзёбӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар назди 28 муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят 70 маҳфили доимоамалкунандаи Академияи хурди илмҳо мавҷуд буда, беш аз 4 ҳазор хонандаи муассисаҳои таълимӣ аз рӯи фанҳои гуманитарӣ ва дақиқ ба маҳфилҳо ҷалб шудаанд. Озмуни мазкур бахшида ба Солҳои 2020‐2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" баргузор шуда, аз зумраи маҳбубтарин озмуни хонандагони муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.

Дар сессияи вилоятии "Академияи хурди илмҳо" аз 20 фанни таълимӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, математика, астрофизика, технологияи иттилоотӣ, география, экология, равоншиносӣ, забони русӣ, адабиёти рус, забони англисӣ, забони тоҷикӣ, адабиёт, педагогика, иқтисодиёт, рӯзноманигорӣ, таърих, ҳуқуқшиносӣ ва тиб беш аз 500 хонанда ғолибони даври шаҳрӣ ноҳиявии озмун аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят ширкат намуданд. Дар интиҳои озмун 100 кори беҳтарин интихоб гардида, ғолибон бо Дипломҳои дараҷавӣ ва тамоми иштирокчиён бо Ифтихорномаи Раёсати маорифи вилоят ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят қадршиносӣ шуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Шаҳристон, Спитамен аксари ҷойҳои ифтихориро касб намуда, дар асоси пешниҳоди ҳайати ҳакамон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Лозим ба таъкид аст, ки соли 2019 дастаи вилояти Суғд дар даври ҷумҳуриявии озмуни Академияи хурди илмҳо беш аз 200 ҷойи ифтихориро касб намуда, мақоми аввалро дар ҷумҳурӣ ишғол намуда буд. Соли 2020 озмуни мазкур бинобар хурӯҷи бемории ҳамагири COVID‐19 баргузор нагашт.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh