Маросими супоридани шаҳодатнома ва гувоҳномаҳо ба ҷавонон

22 май дар доираи чорабиниҳои марбут ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ маросими супоридани шаҳодатнома ба гирандагони стипендияи Раиси вилояти Суғд ва гувоҳнома ба иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ доир гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими супоридани шаҳодатномаву гувоҳномаҳо бо ҷавонон мулоқот карда, иброз дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд. Бо такя ба хираду истеъдод ва мақоми ҷавонон дар ҷомеаи кунунӣ ҷомеа ба ҷавонон чун ба қувваи муҳими ояндасоз ва тамаддунофари кишвар эътимоди қавӣ дорад.

-Таваҷҷўҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус донишҷўёну магистрантон ва аспирантон дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад.

Ҷавонони вилоят низ дар ҷавоби ин ғамхориҳо пайваста мекўшанд, ки бо хониши аъло, иҷрои корҳои таҳқиқотии илмӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва муҳим аз ҳама, дар тарғибу татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон пешсаф бошанд ва ба марзу буми Ватан садоқат дошта бошанд, - илова намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси вилоят 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мебаранд, ки дар ин муассисаҳо аз рўи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.

Дар соли хониши 2020-2021 шумораи умумии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмўъ беш аз 69 ҳазору 642 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ҳудуди вилоят имрўз 1267 нафар магистрант ва 82 нафар аспирантон ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд.

Аз 368 нафар довталабон барои гирифтани стипендияи Раиси вилоят 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ шуданд.

Зикр гардид, ки ҳамасола баҳри боз ҳам вусъат бахшидани корҳо дар самти тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда Қарори Раиси вилоят ба тавсиб расонида шуда, ба ҷавонони болаёқат имконият фароҳам оварда мешавад, ки дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бевосита ширкат намоянд.

Аз 170 нафар иштирокчиёни озмун барои интихоби ҷавонон ҷиҳати иштирок дар ҳафтаи худидоракунӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 39 нафар интихоб гардида, давоми як ҳафта дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ, аз муовинони Раиси вилоят то ба мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок намуданд, ки баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва вусъати малакаи касбии онҳо мусоидат менамояд.

Раиси вилоят ба ҷавонон шаҳодатномаву гувоҳномаҳоро супорида, қайд кард, ки “донишҷўёну магистрантон,   олимону аспирантони ҷавони вилоят ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро амиқ эҳсос намуда, бо дарки рисолати аслии донишу илмомӯзӣ ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикситонро бо дастовардҳои бузург, сазовор ва дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд”.

Изҳори боварӣ карда шуд, ҷавонон дар замони рушди босуръати илму техника ба азхудкунии технологияи муосир, ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа, тарбияи кадрҳои бомаҳорат ва масъулиятшинос, омўхтану истифода кардани дастовардҳои илм аҳамияти хоса дода, бо маърифати баланд, кўшишу талошҳои пайгирона ва эҳсоси баланди ватандўстию меҳанпарастӣ дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh