Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Истаравшан

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Боиси зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар    Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон”  бинои нав бунёд шуда истодааст.

Бинои мазкур аз ҷониби академикҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ўлмас Мирсаидов ва Маҳмудзода Махкам бунёд гардида, атрофи бино аз тарафи  соҳибкорони шаҳри Истаравшан ва ба тариқи ҳашар обод гардида истодааст.

Бинои нав барои 50 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст.

Раиси вилоят ҳамзамон аз ҳоли бошандагони Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакон” хабар гирифта, ба кӯдакон туҳфаҳо, аз ҷумла либосҳои гарми зимистона супорид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh