МУҲАССИЛИН АЗ ОМӮЗГОРОНИ РОССИЯ САБАҚ МЕОМӮЗАНД

Дар саводнокии хонандагон ва тарғиби илму дониш мактаб нақши муҳим мебозад. Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин раванд чанде қабл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо омӯзгорон аз Федератсияи Россия, ки дар муассисаҳои таълимии вилоят ба таълиму тарбияи толибилмон машғуланд, мулоқот гузаронида, ҳамкориҳои самараноки дуҷонибаро иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Алҳол 14 нафар омӯзгор аз Федератсияи Россия дар баробари таълими фанҳо ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи мардуми тоҷику рус сидқан фаъолияти хешро баҳри омӯзонидани забони русӣ ба толибилмони муассисаҳо равона намудаанд.

Яке аз чунин нафарон Половинкина Екатерина Сергеевна омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус буда, зодаи вилояти Ниҷний Новгороди Федератсияи Россия мебошад. Боиси қайд аст, ки Екатерина Сергеевна дар асоси шартнома аз моҳи сентябри соли 2019-ум дар МТУҒ "Гулчини маърифат" ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус дар синфҳои 6 ва 10 – ум таълим медиҳад.

 - Бино ба гуфти директори МТУҒ "Гулчини маърифат" Матлуба Муинова дар муддати фаъолият Половинкина Екатерина Сергеевна ҳамчун омӯзгори фаъол, эҷодкор ва масъулиятшинос байни омӯзгорони муассиса шинохта шуд. Боиси таҳсин аст, ки дар ин муддати начандон тӯлонӣ омӯзгори сермаҳсул чандин дарсҳои намунавӣ ва чорабиниҳо дар мавзӯъҳои "Тоҷикистон, Ватани азизам!", "Победа-одна на всех", "Сделаем вместе", "Тоталҳнқй диктант", викторинаи "Все о Есенине" семинар дар мавзӯи "Классификаӣия ошибок при проверке и оӣенке контролҳнқх и творческих работ по русскому язқку и литературе" ва ғайра бо ҳамроҳии хонандагони муассиса баргузор намудааст. Екатерина Сергеевна бо Маркази фарҳанги Россия дар шаҳри Хуҷанд ҳамкории зич дорад ва муносибаташ бо ҳамкорон самимӣ аст.

Мо аз он қаноатмандем, ки имрӯз бо раҳнамоиҳои Раиси вилоят дар қаламрави вилоят тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва ин имконияти мусоид ва дастгириву ғамхориҳо моро вазифадор мекунад, ки дар ҷомеа масъулиятшинос бошем, то ки воқеан маориф ва сатҳи дониши хонандагон ҷавобгӯи меъёрҳои замона гардад, – иброз дошт Матлуба Муинова.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh