ИҶРОИ БАРНОМА - ТАЛАБОТИ ЗАМОН

Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳими кишвар ба ҳисоб меравад, зеро маҳз таълиму тарбияи дуруст метавонад дар оянда мутахассисони пурқувват ва соҳибтахассусро ба воя расонад.

Аз ин лиҳоз, дар ин самт барномаҳои давлатии гуногун ба тасвиб расидаанд. Яке аз онҳо «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 -2020» аст. Тавре аз Раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд, дар ин самт сохтмон, ташкил ва бунёди иншооти таълимӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Алҳол дар вилоят 55 муассисаи таълимии томактабӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ва дар умум 60 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ таъсис ёфта, бомаром фаъолият намуда истодаанд.

Иҷрои ин барнома дар ноҳияи Спитамен чӣ гуна ба роҳ монда шудааст ва оё давоми 6 сол он ба пуррагӣ амалӣ гардид?

Тибқи маълумоти Раёсати маориф нақшаи иҷрои барнома дар самти ташкил ва ба истифода супоридани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар ноҳияи Спитамен 25 фоиз иҷро шудааст. Боиси зикр аст, ки алҳол дар ноҳия 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 2 муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ ва 11 муассисаи томактабӣ амал менамояд.

Инчунин, интернати наздимактабӣ, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд. Теъдоди умумии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2020-2021-ум 30839 нафар буда, аз ҷумла 15068 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Соли 2017 дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) - и “Мактаби Акрам” ба фаъолият оғоз кард.

 Муассиса аз 12 синфхона иборат буда, ҳамаи онҳо синфхонаҳои фаннӣ мебошанд. Бино ба гуфти директори муассиса Иноят Холмуродова ба кори таълим 24 нафар омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд ҷалб шудаанд. Дар мактаб толори маҷлисгоҳ ва ошхонаи алоҳида мавҷуд аст, хонандагону омӯзгорон як маҳал бо хӯроки гарм таъмин ҳастанд.

- Хонандагони мо дар олимпиадаву озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд.

Имрӯз талабот ба муассисаи таълимӣ зиёд аст, зеро хатмкунандагони мо аксар дар донишгоҳҳои олии кишвар ва берун аз он таҳсил карда истодаанд, - гуфт Иноят Холмуродова.

Боиси таъкид аст, ки толибилмони муассисаи мазкур на танҳо аз худи ноҳия, балки аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Деваштич мебошанд. Барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар муассиса дар як моҳ ду маротиба озмуни “Заковат” баргузор шуда, ғолибон ҳавасманд гардонида мешаванд. Баробари ин муассиса дорои тахтаи электронӣ, синфхонаи компютерӣ ва китобхонаи беҳтарин аст.

- Дарсҳои хонандагон тариқи электронӣ гузаронида шуда, дар синфхонаи компютерӣ барои омӯзишу азхудкунии барномаҳои компютерӣ тамоми шароит муҳайёст. Барои фаъолияти кории омӯзгорон мактаб ба шабакаи интернетӣ пайваст буда, дорои сомонаи худ мебошад ва ҳамаи чорабиниву дарсҳои кушод, ҳунаромӯзиву маҳфил ва озмунҳои дохилии хонандагону омӯзгорон дар сомона ҷой дода мешавад.

 Бо боварӣ метавон гуфт, ки толибилмони мо аз таҷҳизоти омӯзишии муосир васеъ бархурдоранд. Ҳамчунин, китобхонаи мо дар ноҳия ҳамчун “Китобхонаи беҳтарин” дониста шуд, - изҳор дошт Иноят Холмуродова.

Муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳия Алимардон Абдуллозода изҳор дошт, ки аксари хатмкунандагони макотиби ноҳия ба муассисаҳои олии кишвар ва берун аз он дохил шуда, ҳамчун мутахассисони соҳибкасб ба ноҳия бармегарданд.

 - Боиси зикр аст, ки дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олӣ 1032 нафарро ташкил медиҳад, ки бо тариқи Маркази миллии тестӣ 1003 нафар, тариқи квотаи Президентӣ 16 нафар ва ба хориҷи кишвар 13 нафар дохил шудаанд, - гуфт Алимардон Абдуллозода.

Дар ноҳия ҳамчунин кӯдакистони хусусии “Шалола” фаъолият мебарад. Кӯдакистон соли 2015 ба фаъолият оғоз карда, аз ду гурӯҳ иборат аст. Барои кӯдакон тамоми шароит муҳайё буда, бо се маҳал хӯроки гарм таъминанд. Масъулин дар самти тарбияи ватандӯстию ифтихори миллии кӯдакону наврасон тадбирҳои судманд меандешанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh