МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ - КАФИЛИ ШАФФОФИЯТИ ИМТИҲОНОТ

Ҳафт сол мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабон ба макотиби олии кишвар тариқи супоридани имтиҳонот дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд.

Таҷрибаҳо собит намуданд, ки дар маркази ягонаи имтиҳонсупорӣ ба таври шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, дониш ва маҳорату малакаи довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда мешавад.

Албатта, ин падида самараи Истиқлолияти давлатӣ, ҳамқадами замон будани ҷомеа ва татбиқи босамари технологияи муосир дар раванди таълиму тадрис аст, ки хушбахтона, сол то сол густариш меёбад. Интихоби довталабон, ки тариқи дониши воқеии худ шомили донишгоҳҳои олӣ мешаванд, барои тарбияи мутахассисони баландихтисос замина фароҳам меорад.

Соли равон аз 34190 хатмкунандаи вилояти Суғд 20090 нафар ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ шомил гашта, ба гирифтани унвони донишҷӯ мушарраф гаштанд, ки 58,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамин нишондод соле муқаддам 19743 донишҷӯ аз 34891 хатмкунандаро ташкил медод. муқаддам 19743 донишҷӯ аз 34891 хатмкунандаро ташкил медод. Оид ба натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва дастовардҳои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар соли 2020 бо иҷрокунандаи вазифаи сардори бахши минтақавии Раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ромиш Неъматов ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони “Ҳақиқати Суғд” менамоем.

- Баъд аз баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2020-ум, , албатта, марказ фаъолияти яксолаи хешро натиҷагирӣ кард. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолияти хешро дар ин марҳала чӣ гуна баҳогузорӣ мекунад?

- Бахши минтақавии Раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 61 аз 1 марти соли 2018 “Дар бораи тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақшаи чорабиниҳои баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2020 ба роҳ монда, дар ин ҷода корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Пеш аз ҳама, дар марҳалаи омодагӣ ба ИМД соли 2020 барои фарогирии ҳарчӣ бештари хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши низоми имтиҳоноти марказонидашуда бо пешниҳоди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби кормандони соҳибтаҷрибаи соҳаи маориф 28 нафар таблиғгари сатҳи ҷумҳуриявӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Соли равон зиёда аз сад ҳазор адад маводи ёрирасон, аз ҷумла маҷмуаи саволу масъалаҳои тестӣ, китобчаи тестӣ, роҳнамои довталаб, ёддошт, дискҳо (фитаҳо)-и омӯзишӣ ба таври ройгон ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дастрас карда шуд.

- Яке аз давраҳои муҳими ИМД давраи бақайдгирии довталабон мебошад, ки равандҳои дигари имтиҳонҳо аз он вобастагии калон дорад. Шумо пас аз баргузории имтиҳонот ба сифати кор дар марҳалаи бақайдгирии довталабони вилояти Суғд чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Аз санаи 2-юми марти соли 2020 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2020 оғоз ёфт. Фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳамарӯза зери назорати бевоситаи кормандони бахши минтақавӣ қарор дошта, пайваста барои рафъи мушкилот маслиҳатҳои зарурӣ дода мешуд.

Бо супориши роҳбарияти марказ фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирӣ мавриди боздид ва санҷиш қарор дода мешуданд. Соли ҷорӣ дар 15 шаҳру ноҳияи вилоят нуқтаи бақайдгирии асосӣ ва сайёр, аз ҷумла ду нуқтаи бақайдгирӣ дар МТМУ №5 ва гимназияи № 24-и шаҳри Хуҷанд, гимназияи № 5-и шаҳри Истаравшан, МТМУ № 6-и шаҳри Исфара, гимназияи № 1- и шаҳри Конибодом, МТМУ № 2- и ноҳияи Ашт, гимназияи № 1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, МТМУ № 24-и ноҳияи Деваштич, МТМУ № 1-и ноҳияи Айнӣ, МТМУ № 3-и шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов таъсис дода шуд.

Имсол бори аввал дар ноҳияи Спитамен нуқтаи бақайдгирии асосӣ ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нуқтаи бақайдгирии сайёр кушода шуд. Барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ, хусусан дар нуқтаҳои навътасис дар якҷоягӣ бо раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд. Боиси зикр аст, ки ҳамасола барои ташкилу идораи раванди бақайдгирӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дар асоси шартномаи меҳнатӣ кормандони муваққатӣ ба вазифаҳои роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ, ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ ва бақайдгиранда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷалб мешаванд.

Соли гузашта дар миқёси вилоят пеш аз оғози маъракаи қабули довталабон имтиҳони озмоишӣ баргузор шуд, ки дар он хонандагони синфҳои ёздаҳум имтиҳон супориданд. Ин таҷриба имкон дод, ки довталабон ба имтиҳони воқеӣ бо таҷриба ва дониши кофӣ ҳозир шаванд. Натиҷаҳои хуби ин озмоиш боис шуд, ки ҳамакнун чунин имтиҳони озмоишӣ дар тамоми манотиқи кишвар баргузор мешаванд.

- Яке аз тафовутҳои имтиҳони қабули довталабон дар соли 2020 ин дар шароити пандемияи COVID-19 баргузор шудани имтиҳонот буд. Ҳамин тавр?

- Бале, дар ин вазъият дар ҳамкорӣ бо ситоди вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ ҳамарӯза тамиз карда мешуданд, кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ бо ниқоб ва маводи антисептикӣ таъмин шуда буданд. Бояд зикр намуд, ки соли ҷорӣ бори аввал вобаста ба пандемияи COVID-19 давраи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии иловагӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

- Оё дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 ягон навоварӣ буд?

- Зикри ин нуктаро бамаврид медонем, ки марказ ба дастовардҳои нав ба наваш қонеъ нагардида, ҳамеша барои такмилу таҷдиди низом мекӯшад. Ин аст, ки ҳар сол дар низом ҷиҳати беҳбуд бахшидани он, фароҳам овардани шароити беҳтар ба довталабон барои иштирок дар ИМД ва дастрасии баробар ба таҳсил, мусоидат кардан дар баланд бардоштани сифати таҳсилот тағйироту навгониҳое рух медиҳанд.

Соли 2020 навгонии асосӣ дар имтиҳонҳо буд, ки имтиҳонҳо аз ду қисм ба як қисм поён оварда шуд. Яъне қаблан агар хатмкунандагони синфҳои 11 ду қисми имтиҳон месупориданд, соли ҷорӣ онҳо як имтиҳон дар доираи 4 субтест вобаста ба гурӯҳи ихтисосашон супориданд.

- Довталабон оид ба рӯзи баргузории имтиҳонашон чӣ гуна огаҳӣ пайдо мекунанд?

- Довталабон аз рӯзи имтиҳонашон аз даъватномае, ки аз ҷониби марказ ба онҳо дастрас карда мешавад огаҳӣ пайдо мекунанд. Даъватнома шахсан ба довталаб ва ё наздикони ӯ бо пешниҳоди варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби онҳо ба воситаи бахшҳои минтақавии марказ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ дастрас мегардад.

Нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродиаш низ ҷойгир карда шуда, довталабон дар ҳолати гум кардан метавонанд, аз он ҷо дастрас намоянд. Дар даъватнома рӯз ва макони баргузории имтиҳон нишон дода шудааст.

 - Имтиҳонҳо кай ва дар кадом шароит баргузор гардиданд?

- Вобаста ба шумораи довталабони азқайдгузашта дар миқёси вилоят 11 маркази имтиҳонӣ дар 5 шаҳру ноҳия ташкил карда шуд. Аз ҷумла, шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Дар давраи омодагии марказҳои имтиҳонӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ корҳои зиёд, аз ҷумла таъмири синфхонаҳо, таъмин ва ҷобаҷогузории мизу курсиҳо, насби монитор ва камераҳои назоратӣ, санҷиши техникии таҷҳизот, таъмини барқи доимӣ, ташкили иншоотҳои ёрирасон, тибқи лоиҳаҳо, ба иҷро расонида шуданд. Ҷиҳати иштироки хоҳишмандон барои ишғоли вазифаҳои роҳбари маркази имтиҳонӣ, ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмури калон, маъмур ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ ҳамчун кормандони муваққатӣ корбарӣ шуд.

Даври асосии имтиҳонҳо аз санаи 1-ум то 7- уми июл ва даври иловагии имтиҳонҳо санаи 12- уми июл дар марказҳои имтиҳонӣ баргузор шуданд. Имтиҳонҳо дар беҳтарин шароитҳо ва синфхонаҳо баргузор гардида, рафти баргузории имтиҳонҳо пурра зери камераҳои назоратӣ доир гардид. Имсол бори аввал рафти баргузории имтиҳонҳо тариқи бархат (онлайн) аз марказ (шаҳри Душанбе) назорат карда шуд.

- Баъд аз супоридани имтиҳон довталабон оид ба натиҷаи имтиҳон ва озмуни тақсимот чӣ гуна огаҳӣ пайдо мекунанд?

Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бениҳоят хуб ташкил карда шудааст, ки довталаб ба ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ намешавад. Бубинед, сар карда аз давраи бақайдгирӣ: нуқтаҳои бақайдгирӣ ба макони зисти довталаб наздик ташкил карда мешаванд; оид ба омода гардидани даъватнома ба телефони мобилии довталаб смс-паёмак ирсол карда мешавад, ҳамчунин даъватнома ба муассисаи таълимии хатмкунанда равона карда мешавад; аз натиҷаи имтиҳон ба телефони мобилии довталаб смспаёмак фиристода мешавад; оид ба натиҷаи озмуни тақсимот низ ба телефони довталаб смс паёмак ирсол мегардад.

Ҳамчунин тамоми маълумоти барои довталаб вобаста дар кабинети инфиродии ӯ ҷой дода мешаванд. Зикри ин нукта бамаврид аст, ки калиди ҷавобҳои имтиҳон дар рӯзи баргузории имтиҳон пас аз ба анҷом расидани имтиҳон дар сомонаи Маркази миллии тестӣ ҷой дода мешавад, ки довталаб метавонад худи ҳамон рӯз ҷавобҳои худро бо калиди ҷавобҳо муқоиса намояд.

- Низоми Маркази миллии тестӣ тақозо мекунад, ки довталаб бо технологияи компютерӣ, интернет сарукор дошта бошад, зеро ҳар довталаб утоқи худро дорад, бегумон, бояд технологияи муосир, кор бо интерет ва сомонаи марказро хуб донад, аммо, мутаассифона, казро хуб донад, аммо, мутаассифона, ҳастанд ҷавононе, ки зимни кор бо сомона ва вуруд шудан ба утоқҳои шахсии худ душворӣ мекашанд. Оё марказ ҷиҳати бартараф намудани чунин ноогоҳиҳои хатмкунандагон ягон чораву тадбир андешид?

 -Воқеан, натанҳо хатмкунандагони навоҳии дурдаст, балки баъзе аз хатмкунандагони марказ ҳам дар истифодаи воситаҳои ҳозиразамон ва кор дар системаи ягонаи Маркази миллии тестӣ мушкилӣ мекашанд. Дар ин ҷода корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ аз моҳи январ шуруъ мешаванд.

Дар ин самт таблиғгарон аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба аз шаҳру навоҳии вилоят ҷалб мешаванд Дар тамоми марҳалаҳои ИМД кормандони бахш ба муроҷиати довталабон ва шахсони алоқаманд таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.

Шумораи зиёди муроҷиатҳо ба давраи бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ ва бақайдгирии иловагӣ, эълони натиҷаи имтиҳонҳо, тақсимоти асосӣ ва давраи азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ рост меояд. Кормандони бахш ҳам дар нуқтаҳои иттилоърасонӣ ва ҳам дар бинои корӣ муроҷиаткунандагонро қабул намуда, ба саволҳои онҳо сари вақт ҷавоб дода истоданд.

-Дар ин робита оид ба ҷалби хатмкунандагони навоҳии дурдаст, бахусус ҷавондухтарони ин манотиқ барои идомаи таҳсил ҳанӯз ҳам ба таври бояду шояд нест. - Албатта, ҷалби довталаб сахт вобастагӣ дорад ба корҳои таблиғотӣ, ки бояд дар ин самт макотиби кишвар фаъолиятро ҷоннок ба роҳ монанд.

Худи кормандони Маркази миллии тестӣ дар ин робита корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиро сол аз сол бештар менамоянд ва имрӯз бовару эътиқоди довталабон ба шаффофияти низоми Маркази миллии тестӣ бештар шудааст. Дар ин замина, таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва, пеш аз ҳама, ҷаҳонбинии толибилмон ва волидони онҳо низ муҳим мебошад. Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки дар навоҳии Кӯҳистони Масчоҳ, қисман Деваштичу Шаҳристон ва Мастчоҳ ҷалби духтарон ба идомаи таҳсил суст ба роҳ монда шудааст, ки ин нишони суст ҷараён гирифтани корҳои тарғиботӣ миёни аҳолӣ мебошад. Дар ин самт бояд намояндагони шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ корбарӣ намоянд. Барои ҷалби духтарон ва бачаҳои деҳоти дурдаст шуъбаҳои маориф бояд бештар кор кунад.

Барои ҷалби довталаб худи муассисаҳои олии кишвар бояд талош намоянд ва таблиғу ташвиқро ба роҳ монанд. Мо сохторе ҳастем, ба мисли гузаргоҳ, ки довталаб ва муассисаҳои олии таълимии кишварро мепайвандем.

-Дар миёни довталабон нафароне ҳастанд, ки бо амри тақдир, маъюб ҳастанд, ё ятим мебошанд. Оё барои ин гуна довталабон ягон имтиёз пешбинӣ шудаанд?

- Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои гурӯҳҳои муайяни довталабон имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Имтиёз ба довталабоне дода мешавад, ки дар вақти аз қайд гузаштанашон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи худро доир ба гирифтани имтиёз пешниҳод мекунанд. Ҳуҷҷатҳои онҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият омӯхта шуда, сипас барои гирифтани имтиёз пешбарӣ мешавад. Балли имтиёзӣ ба довталаб баъди холи гузариши фанниро соҳиб гардидан дода мешавад.

Ба чунин довталабон: маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм, ятимони кулл, фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалок гардидаанд, ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ, ғолиби озмуну фестивалҳои соҳаи санъат, устодони варзиш, хизматчиёни ҳарбӣ, ки пас аз 2 соли хизмати ҳарбӣ ҳуҷҷат месупоранд балли имтиёзӣ дода мешавад.

Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh