ЗИМИСТОН ДАР МЕКӮБАД

Бале, фасли поиз ба поён мерасаду зимистон дар мекӯбад. Бино ба маълумоти ҳавошиносон имсол зимистони сард моро интизор аст. Ба ин фасли сармо муассисаҳои маорифаи ноҳияи Ашт то кадом андоза омодаанд? Мудири маорифи ноҳия Муяссар Ҳайдарзода иттилоъ дод, ки шуъбаи маорифи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳия “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020- давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020- 2021” як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.

Мувофиқи ин қарор дар шуъбаи маорифи ноҳия қарор ба тасвиб расида, маорифи ноҳия қарор ба тасвиб расида, тибқи он ситод ташкил гардид. тибқи он ситод ташкил гардид. Аъзои ситод оид ба иҷроиши қарори мазкур назоратро пурзӯр намудаанд.

Айни ҳол дар ноҳияи Ашт 92 муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла шасту шаш МТМУ, ду МТУА, як литсей, чор гимназия, як мактаби хусусии ”Нури Раҳмон” чордаҳ муассисаи давлатии таълимии томактабӣ, як муассисаи таълимии томактабии хусусӣ, ду интернати наздимактабӣ, ду МКТБ ва як Маркази таҳсилоти иловагӣ амал менамоянд. Дар бобати бо кадом усул гарм намудани синфхонаҳо Муяссар Ҳайдарзода изҳор намуд, ки 1472 адад печи аловӣ ва 5 нуқтаи ягонаи гармидиҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№13,15, 24, 36 ва МТИ барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 омода гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии ноҳия ба нагишт, ҳезум ва сӯзишвории моеъгӣ тартиб дода шуда, дар умум 548 тонна ангиш, 882, 1 м3 ҳезум ва 335 литр сӯзишвории моегиро ташкил медиҳад. Ба санаи 30 – юми июни соли 2020 дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ, бо назардошти захираи боқимонда аз мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019- 2020 , ба миқдори 4,5 тонна ангишт, 185,6 м3 ҳезум боқӣ монда буд.

Санаи 28-уми сентябри соли 2020 барои харидории ангишт ба муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия бо мувофиқаи Раёсати молияи ноҳия ба маблағи 463 ҳазор ( чорсаду шасту се) сомонӣ ба суратҳисоби корхонаи ангишти шаҳри Исфара гузаронида шуда, то имрӯз 564 тонна ангишт-103 фоиз, 908 м3 ҳезум 103 фоиз, 335 литр сӯзишвории моеъгӣ-100 фоиз захира гардидааст. Дар бораи шишабандии намудани тирезаҳои дабистон изҳор карданд, ки дар ноҳия имсол дар ноҳия 332 м2 шишабандӣ карда шудааст. Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар дабистонҳои мактабҳои ноҳия барои зимистонгузаронӣ тамоми шароитҳо муҳаёст. Масалан мактаби №1-уми Ҷамоати деҳоти Ашт дар дар мавсими имсола мувофиқи нақша 8 тонна ангишт ва 10 тонна ҳезум бояд захира менамуд.

Дабистони мазкур пурра ба маводи сӯхт таъмин буда, имрӯз барои таҳсили хонандагон дар синфхонаи гарму барҳаво тамоми шароитҳо муҳаё гардидааст. Бояд иттилоъ дод, ки имсол дар тамоми мактабҳои ноҳияи Ашт, маҳсулот ба таври кофӣ захира шуда, ба зимистонгузаронӣ пурра омода ҳастанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh