Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ба истифодадиҳии муассисаи таълимӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири маориф ва илми мамлакат Муҳаммадюсуф Имомзода, роҳбарияти ноҳия ва кормандони соҳаи маориф иштирок доштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ ва суҳбат бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия иброз дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд садҳо синфхонаҳои нави таълимӣ бунёд гардида, барои толибилмон шароити ҷавобгӯ ба талаботи рӯз фароҳам оварда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии таълимӣ аз ду ошёна ва ёздаҳ синфхона, ду ҳуҷраи корӣ, майдончаи варзишӣ, биноҳои ёрирасон иборат буда, бо харҷи 3,2 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Синфхонаҳои кушоду барҳавои бинои иловагӣ барои таҳсили 275 нафар дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh