МУАССИСАИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Андарсойи Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ибтикори шоистаи Сарони давлатҳо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рӯзи 27 сентябри соли равон ифтитоҳ гардид.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 барои 1260 нафар дар ду баст сохта шуда, худи ҳамон рӯз дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби намояндагони ҳар ду тараф, яъне бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва Вазири таълими халқи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов ба истифода дода шуд, ки хурсандии сокинон ҳадду канор надошт.

Дар чорабинӣ муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ сухан ронда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.

Бояд қайд намуд, ки бунёди иншооти мазкур аз ҷониби ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Темир юллари» ба анҷом расонида шудааст.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh