Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таълимии №38 дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

24 сентябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом бинои иловагии муассисаи таълимии №38 ба истифода дода шуд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои иловагӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ ва собиқ хатмкунандаи ҳамин мактаб Шўҳрат Набиев барои 280 нафар хонанда дар як баст бунёд гардид. Он дорои 11 синфхона, хонаи омўзгорон ва 2 утоқи корӣ буда, сохтмони бино моҳи майи соли 2020 оғоз гардида, дар моҳи августи соли 2020 ба итмом расонида шуд.

Маблағи сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимӣ 3,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳини ифтитоҳи бинои нави таълимӣ таъкид кард, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, ҳамасола даҳҳо бинои наву замонавиро бо шароити замонавӣ бунёд менамояд. Аз ҷумла зимни сафари кории Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят чанде қабл дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ биноҳои замонавии таълимӣ ба истифода дода шуд ва минбаъд низ ба рушди соҳаи маориф диққати махсус зоҳир карда мешавад.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо соҳибкорони бонангу номус дар бунёди муассисаҳои таълимӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд, ки ин шоистаи таҳсину пайравӣ аст. Сафи чунин соҳибкорон рӯз ба рӯз зиёд гардида, барои фароҳамсозии шароити мусоиди таълим ташаббусҳои нек амалӣ гардида истодааст. Масалан, дар ноҳияи Ашт соҳибкорон Мақсудҷоновҳо бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-ро бунёд намуда, барои истифодаи ҳамдиёрони худ вогузор карданд. Ин иқдоми нек дар Конибодом низ амалӣ шуд ва ташаббуси Шуҳрат Набиев нишон медиҳад, ки соҳибкорон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Ҳукумати кишвар барои беҳтар гардидани вазъи таълиму тарбия нақши назаррас мегузоранд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба муассисаи таълимӣ маҷмуи мизу курсӣ ва 10 адад компютер тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh