Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи дониш

Муҳтарам устодону омӯзгорон!

Донишҷӯён ва хонандагони гиромӣ!

Фарорасии соли таҳсили навро ба ҳамаи Шумо – устодону омӯзгорон, олимону донишмандон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ самимона муборакбод мегӯям.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели эҳтироми давлат ба илму маориф ва донишу маърифат буда, омӯзгорону устодон ва шогирдони муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти мамлакатро ба дастоварду комёбиҳои нав раҳнамун месозад.

Соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби саводу маърифат ва илму дониш мегарданд, мероси гаронбаҳои таъриху фарҳанги халқамонро аз худ мекунанд, сабақи ватандӯстиву оини ватандоррӣ мегиранд ва ба туфайли он дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд».

Дар замони муосир баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, пурзӯр намудани назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ, ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намудани наврасону ҷавонон, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо, инчунин дар партави аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба таълими ин фанҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан аз вазифаҳои асосии масъулини муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад.

Дар соли тахсили сипаришуда фаъолияти муассисаҳои таълимии вилоят дар самти татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар руҳияи ватандустӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон хеле назаррас буд. Дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар, ба таълиму тарбияи махсус фаро гирифтани хонандагони болаёқат, рушди муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии намуди нав, аз ҷумла муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, таъмини таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, китобҳои дарсӣ, иштирок ва ғолибияти устодон, омӯзгорону мураббиён ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмунҳои касбию фаннӣ ва қадршиносии онҳо натиҷаи заҳмати диловаронаи маорифчиёни вилоят маҳсуб мегардад. Солҳои охир мураббиёну муаллимони пешқадаму навовари мо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро касб менамоянд, теъдоди ғолибони олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, гирандагони аттестати аъло бо медалҳои тиллою нуқра рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Имсол низ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ Дарси сулҳ гузаронида шуда, дар он моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мавриди гуфтугӯ қарор мегирад.

Дар баробари ин, дар шароити имрӯзаи дар тамоми олам паҳн гардидани бемории Ковид-19 зарур аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тибқи «Тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурии ҳифзу ҳимояи муҳассилон ва устодону кормандони соҳаи маориф риоя карда шавад, то ин ки раванди таълиму тарбия муттасил идома ёбад.

Итминони комил дорам, ки устодону омӯзгорони масъулиятпеша ва соҳибиродаи мо, новобаста аз вазъи эпидемикии кишвар анъанаҳои наҷибу пуршарафи маорифчиёни вилоятро идома дода, фарзандони кишварро дар руҳияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия мекунанд.

Бори дигар ҳамаи устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни вилоятро ба муносибати фарорасии Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрику таҳният гуфта, орзуи онро дорам, ки ҳар рӯзи кишвари мо рӯзи донишу маърифат, рӯзи хираду заковат ва рӯзи фарҳангу маънавиёт бошад.

Add comment


Security code
Refresh