ДДҲБСТ: ихтирои ҷадид ва дастоварди назаррас

САНИТАЙЗЕР ё худ таҷҳизоти безараркунанда як ихтирои ҷадид дар доираи лоиҳаи амалишудаи назди озмоишгоҳи инноватсионии Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад, ки барои пошидани маҳлули зиддивирусӣ (антисептикӣ) истифода бурда мешавад. Дастгоҳи мазкур дар баробари истифода дар биноҳои маъмуриву таълимии ДДҲБСТ ба дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ низ дастрас гардид ва нархи он 300 сомониро ташкил медиҳад, - гуфта шуд зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорони вилоятиву ҷумҳурӣ.

Ректори таълимгоҳ Муъминҷон Шарифзода иброз дошт, ки 331 шаҳрванди хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳсил доранд, ки бештарашон шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд. Дар пайи пандемия ва бастани марзҳо идомаи таҳсили онҳо дар донишгоҳ зери суол мондааст. Аммо донишгоҳ барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ва таълими онлайнӣ омода мебошад.

Ҳамчунин, Раёсати донишгоҳ талош дорад, ки имсол дар пайи пандемияи коронавирус шаҳрвандони хориҷиро тариқи онлайн қабул намояд. Ҳоло дар ин бора масъулин ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон нома ирсол карда, интизори посухи мусбатанд.

Ба гуфтаи ректор, ҳоло бо назардошти ихтисосҳои наву замонавӣ, аз ҷумла ихтисосҳои соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ, информатика, математика ва информатика, забони англисӣ таҳсил дар донишгоҳ аз рӯи 39 ихтисос ба роҳ монда мешавад. Дар 16 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 5 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гурӯҳи академӣ бо забони хитоӣ машғулиятҳо доир гардида, 35 нафар хоҳишманд курси кӯтоҳмуддати забономӯзии назди донишгоҳро хатм намудаанд.

Муъминҷон Шарифзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки сафи донишҷӯёни гирандаи стипендия низ дар донишгоҳ тамоюли афзоиш дорад. Ҳоло гирандагони стипендияҳои номӣ-1 нафар гирандаи стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 нафар, стипендияи Раиси вилояти Суғд 4 нафар стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд 24 нафар, стипендияи раёсати донишгоҳ мебошанд.

Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон доир ба таҷҳизоти безараргардонии САНИТАЙЗЕР, мушкилоти иқтисодӣ вобаста ба паҳн шудани COVID – 19, пардохти маблағи шартномаи таҳсил, нақшаи таълимӣ, таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқ, ҷорӣ гардидани ихтисосҳои нав, донишандӯзии фосилавии донишҷӯён ва амсоли ин суолҳо пешниҳод гардиданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh