Машъали тобони зиндагӣ

Ҳар сатр, ҳар нуктаи Паёми Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он равона гардида, ҳамчун дурнамо фаъолияти минбаъдаи моро муайян намудааст.

Бояд ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифат онро ҳамаҷониба биомӯзад, дар кору фаъолияташ, иҷрои вазифаҳои хизматиаш ба он такя намояд. Паём таҳкимбахши хуррамӣ, осудаҳолӣ, воситаи хушбахтӣ, пешрафти илму маданият ва ахлоқу тарбият аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ сарчашмаи асосии ҳамаи бурдбориву комёбиҳоро дар тӯли таърих ба хизмати омӯзгорон нисбат додаанд. Аз суханронии Пешвои миллат метавон дарк кард, ки сол аз сол ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф, омӯзгорон боз ҳам бештар ба назар мерасад.

Далели ин гуфтаҳо дар ноҳияи Шаҳристон, ки яке аз гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон ба шумор меравад, бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои охир зиёда аз 14 бинои муассисаҳои таълимӣ бо назардошти биноҳои иловагӣ сохтаву ба истифода дода шудааст.

Айни замон дар маркази ноҳия сохтмони гимназияи давлатӣ ва дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикат бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 бомаром идома дорад. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат мо, омӯзгорон, муҳтавои Паёмро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намоем. Забон яке аз унсурҳои асосии ҳастии миллат мебошад. Зеро ки ҳар як миллатро дар баробари дигар унсурҳо бо забонаш мешиносанд.

 Суханронии Пешвои миллат «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли Модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем» ҳар як фарди равшанзамир, махсусан мо, омӯзгоронро водор менамояд, ки забони тоҷикиро дӯст дорем, ҳифз намоем ва ба насли наврас бо забони адабии тоҷикӣ муошират карданро биомӯзонем. Ҳамон вақт мо бо забони адабии тоҷикӣ озодона гуфтугӯ карда метавонем, ки бештар китоб мутолиа намоем.

Мо, омӯзгорон минбаъд бо шукронаи соҳибистиқлолии кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун машъали тобон дар зиндагӣ ва роҳнамо баҳри вусъати корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли сазовори замон кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Фирӯза ИСОЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии
МТМУ №18 - и ноҳияи Шаҳристон

Add comment


Security code
Refresh