Сарчашмаи фаъолият ва омӯзиш

Тибқи дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Бобоҷон Fафуров, гуруҳи тарғиботии вилоятӣ оид ба фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, собиқадорони меҳнат, намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар толори Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Fафуров вохӯрии судманд доир намуданд.

Дар вохӯрӣ мушовири калони шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Мирпоччоева, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Fафуров Дилором Турсунзода, роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров Алиҷон Зоҳиров иштирок намуданд.

- Ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Ҷиҳати фарқкунандаи Паёми имсола аз солҳои қаблӣ дар он буд, ки ҳисоботи ҳафтсолаи Ҳукумати мамлакат мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифта, барои ҳафт соли минбаъда вазифагузорӣ шуд. Паём барнома ва раҳнамои амали ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ҳар сатри онро сармашқи кори худ намоем, - иброз дошт Мавҷуда Мирпоччоева.

Қайд гардид, ки Сарвари давлат, пеш аз ҳама, ба соҳаи маорифу тандурустӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои пурзӯр намудани назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ ва ташвиқи наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо, таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан ба фанҳои табиатшиносию дақиқ ва риёзӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳар як муассисаи таълимӣ ибрози назар карда, ба хотири боз ҳам бештар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ солҳои 2020 – 2040 – ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд.

 Супориши Сарвари давлат бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва омӯхтани саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловариҳои гузаштагони худ, арҷгузорӣ ба мактаби бузурги худшиносӣ аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфа намудани шоҳасари «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи кишвар аз иқдомҳои нек ба шумор меравад. Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Fафуров Дилором Турсунзода дар бораи масъалаҳои таъсиси ҳарчи бештари ҷойи корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, диққати зарурӣ додан ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ, таҳия ва татбиқи ҳадафҳо дар самти ҳунаромӯзии шаҳрвандон ҳарф зада, дастури махсуси Сарвари давлатро ба сохторҳои марбутаи давлатӣ расонид.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки барои шомил нашудани ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамарӯза корбарӣ намуда, дар ин самт бояд фаъолият ҷоннок шавад. Фикру мулоҳизаҳои аҳли нишастро дар доираи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозирин роҳнамои ҳаёт донистанд.

Боиси зикр аст, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар ташкилотҳои дигари ноҳияи Бобоҷон Fафуров низ ба вуқӯъ пайваст.

Маърифат КАРИМОВА,
омӯзори МТМУ №33, ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh