Ноҳияи Айнӣ: ЯК БОМУ ДУ ҲАВО “хуб мешуд, ин масъаларо нанависед”…

Ҳукумати кишвар дар радифи корҳои бунёдкориву созандагӣ ва пешравию муваффақиятҳо соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа арзёбӣ намуда, дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Рушди ин соҳа дар такомулу густариши раванди таълиму тарбия рӯз то рӯз тақвият ёфта, шароити хуби таҳсил барои муҳассилин муҳайё гардидааст. Муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти навтарини муосир ва компютерикунонии мактабҳо шаҳодат медиҳанд, ки ҳамаи ин падидаҳои вусъатбор аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд.

Шаҳодати ин гуфтаҳоро ҳангоми сафари хизматӣ мо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 – уми деҳаи Хушекати Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ мушоҳида намудем. Тавре аён гардид, муассисаи мазкур бо ҳуҷраҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология ва технологияи информатсионӣ, бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои муҳассилин шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст. Бино ба иттилои сарвари мактаб Абдувакил Раҳматиллоев, дар ҳамаи синфхона компютер ва принтер насб гардида, омӯзиш тавассути тахтаҳои электронӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, ин муассиса ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст буда, синфхонаҳои таълимӣ барои давраи тирамоҳу зимистони имсола пурра ҷавобгӯи талаботанд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин пешравиҳо боз як қатор камбудиҳо низ дар соҳаи маорифи ноҳия ҷой доранд, ки ин ҳама аз бемасъулиятиву хунукназарии масъулини соҳа ба вуҷуд омадааст.

Дар ноҳия мо бо вазъи кабинетҳои фаннӣ, бавиҷа синфхонаҳои компютерии муассисаҳои таълимӣ ошно гардидем. Маълум шуд, ки як зумра хонандагон таҷрибаи кор бо компютерро ҳанӯз ҳам надоранд ва намедонанд, ки барномаҳои компютерӣ то чӣ андоза метавонад, барояшон муфид бошад.

Ҳоло дар ноҳияи Айнӣ 10 ҳазору 437 хонанда аз ин фан дарс мехонанд, ки ба 11,1 хонанда 1 компютер рост меояд. Бино ба иттилои намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Фарҳод Мукаррамов, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 938 компютер, 258 принтер, 41 тахтаи электронӣ ва 41 проектор мавҷуд мебошад.

Соати дарсӣ агар 45 дақиқа бошад, дар ин муддат шумораи зиёди хонандагон бо 1 компютер чанд дақиқа бояд кор кунанд? Ин суол моро думболи баррасии масъалаи мазкур бурд.

Тавре масъулини шуъбаи маорифи ноҳия шарҳ доданд, ин раванд аз зиёд кардани соатҳои дарсӣ аз фанни информатика ва кор бо компютер, оғози омӯзиши он аз синфи 5 сарчашма мегирад.

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ва иҷрои Барнома аз муассисаи таълимии рақами 40 - уми Ҷамоати деҳоти Урметан боздид намудем. Он яке аз муассисаҳое ба ҳисоб меравад, ки соли 1993 сохта шуда, дар ҳолати таъмирталаб қарор дорад.

Ҳангоми вориди ин боргоҳи таълимӣ гардидан ягон корҳои ободонӣ ба назар намерасид. Шиору овезаҳои солҳои пешин кӯҳнаву фарсуда ва аз нури офтоб хира гардида, то ҳол аз тарафи масъулин иваз карда нашудааст.

Бино ба иттилои директори мактаб Зармастбой Ҳалимов, имрӯз дар муассиса 584 хонанда бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 44 нафар омӯзгор дарси ватандӯстиву хештаншиносӣ меомӯзонанд. Бо вазъи иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 - 2020» шинос гардидем. Бояд гуфт, ки базаи моддӣ - техникии муассисаи мазкур нокифоя аст. Масалан, то ҳол дар ин боргоҳ кабинетҳои фаннӣ, аз қабили физикаю химия, биология, омодагии дифои ҳарбӣ мавҷуд набуда, норасоии мизу курсиҳо ба назар мерасанд.

Сипас, ҳамроҳи сарвари мактаб З.Ҳалимов ва мудири кабинети информатика Баҳром Мирзоев аз синфхонаи компютерӣ дидан намудем. Вақте ба назди дари синфхона омадем, он маҳкам буду нафари азберуномада намедонист, ки ин ҷо синфи компютерӣ аст ё... Чунки дар пештоқи он навиштаҷоте мавҷуд набуд. Баъди чанд лаҳзаи интизорӣ вориди синфхона гардидем. Ҳангоми фаъол намудани компютерҳо дидем, ки аз 10 адади он 4 - тоаш дар ҳолати корӣ қарор дошту халос. Омӯзгори ин фан аз чӣ сабаб бошад, ки худро аз суҳбат канор гирифт.

Гарчанде дар назар аён буд, аз воқеияти мавҷудбуда ҳарф мезаданду дар охир мегуфтанд, ки «хуб мешуд, ин масъаларо нанависед». Аммо ин масъалаи муҳимро магар метавон сарфи назар кард ва дар мавриди он хомӯш буд?! Ҳол он ки мо дар замони рушди техника ва технологияи муосир қарор дорем. Бояд ҳар нафар аз курсии мактабӣ аз истифодабарии ин технологияи муосир хуб бархурдор бошаду ба қавле, аз замона қафо намонад.

Ҳангоми аз роҳрави дохили мактаб гузар намудан ногоҳ чашмамон ба дари шикастае афтод, ки толори маҷлис муаррифӣ гардид. Ҳолати дохилии бино чунин, ҳузнангез буд, ки ба ҷуз аз чанд курсии шикаставу фарсуда ва сақфи ноободи толор чизи дигаре ба мушоҳида намерасид.

Дар муассиса бошад, барои ҷалби хонандагон ба варзиш ва гузаронидани ҷамъомаду чорабиниҳои мактабӣ тӯли чанд сол аст, ки толору майдончаи варзишӣ, маҷлисгоҳ, инчунин барои инкишофи зеҳнию равонии муҳассилин китобхонаи ба талабот ҷавобгӯ вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, масъулини маорифи ноҳияро мебояд дар муассисаҳо шумораи компютерҳои замонавиро зиёд карда, хонандагонро ба омӯзиши технологияи муосир ҷалб намоянд.

Албатта, бо нашр гардидани ин мақола умедворем, ки мушкилот мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳи ҳалли хешро меёбад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷон НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»
Хуҷанд – Айнӣ – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh