Дар Ӯзбекистон забони тоҷикӣ меомӯзанд

Дӯстии халқҳо музаффарияти бузургтарини давлату давлатдорӣ аст. Қувваи тавоно ва файзу баракати дӯстию бародарӣ бар хусумату низоъ, ҷангу ҷидолҳо, қатлу кушторҳо ғолиб омада, сулҳу амонӣ, зиндагии осоиштаю бофароғатро барқарор мекунад. Аз ин сабаб дӯстиро олитарин эҳсосу хиради башар номидаанд. Ин ҳисси азалии инсон ҳамеша дар ҳар асру замон ҷавон хоҳад монд.

Дар ин замина кушодашавии марзҳои Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон бо ибтикор ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев халқҳои ҳар ду кишварро шод гардонд. Баробари ин Сарварони ду мамлакати ба ҳам дӯст тавонистанд, ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гунонуни иҷтимоиёту иқтисодиёт, маданияту фарҳанг ба роҳ монда, барои пешрафти ҳар ду ҷониб ҳиссагузор бошанд.

Дар ҳошияи ин гуфтаҳо мусоҳибаи мо баъди сафари илмиву омӯзгории номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров Шарифҷон Тоҷибоев ба водии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт, ки фишурдаи онро манзури хонандагони рӯзнома мегардонем.

- Боиси ифтихору шодмонист, ки Шуморо имконият фароҳам омадааст, то муддате меҳмони донишҷӯёни ӯзбекистонӣ бошед. Мақсади сафари худро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегуфтед.

- Аслан дар ҳеҷ гӯшаю хаёлам ҳам набуд, ки рӯзе мешавад, ман ба мавзеи забон ва адабиёт ва маданияти форсӣ-Фарғона қадам мегузорам. Таърихи сафар ҳам аҷоиб буд. Тобистони ҳамин сол яке аз шогирдони Донишгоҳи давлатии Фарғона Ҷумъаи Ҷамол ба Тоҷикистон омаданд ва аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дидан карданд. Дар суҳбати кӯтоҳ иброз доштанд, ки онҳо ба устодони тоҷикистонӣ ҷиҳати таълими забон ва адабиёти тоҷик дар донишгоҳ ниёз доранд. Ба гумони он ки ин муколамаи мо як лутфи шогирдона аст, ризоияти шифоҳӣ додам ва ҳеҷ гумон надоштам, ки ин сухан ин қадар ҷиддият дорад. Моҳи сентяби ҳамин сол мактуби даъват омад. Миёнаҳои моҳи октябр ман аллакай меҳмони устодону донишҷӯёни фарғонагӣ будам.

- Фарғонаро дар қиёс бо шаҳри Хуҷанд чӣ гуна дарёфтед?

- Қаблан ман Фарғонаро як шаҳри қадима ва пур аз обидаҳои таърихӣ тасаввур мекардам. Ин шаҳрро аз рӯи зиндагиномаи Аҳмади Фарғонӣ, ки дар асри Х умр ба сар бурдаву фаъолият пеш доштааст, мешинохтам. Аммо бо чашми сар дидам, ки он ҷо дар қиёс бо шаҳри Хуҷанд хеле ҷавон аст. Фарғона ба мо аз шеъри классикӣ ва ё аз кутуби таърихӣ нақл мекунад. Он ҷо зодгоҳи Сайфи Фарғониву Расиддини Асфикативу Аҳмади Фарғонӣ ва чандин шуарои классикии форсу тоҷик аст.

Шаҳр соли 1876 бунёд ёфта, созмондиҳандаи он генерал - губернатори рус Михаил Дмитриевич Скоблев аст. Замони таъсисёбӣ ба шаҳр вазифаи муҳиме гузошта шуда буд: иҷрои нақши як нуқтаи стратегӣ ва маъмурӣ барои таъмини назорати боэътимоди қаламрави собиқ хонигарии Қӯқанд. Шаҳрро бинобар ҷудо будан аз дигар минтақаҳои Ӯзбекистон шаҳри генерал - губернатор ҳам мегуфтанд. Чуноне ки Скоблев дар хотираҳояш менависад, нисфи зиёди заминҳои Фарғона замоне ботлоқзор будаасту он ҷо барои бунёди хонаҳои баландошёна хавф эҷод мекард.

Имрӯз Фарғона шаҳри ободу зебое буда, мардумаш хеле меҳмоннавозанд.

- Тавре бохабар шудем, мақсади асосии Шумо аз сафар таълими донишҷӯён буд. Мактаби олиро дар ҳамсоякишвар чӣ гуна муаррифӣ менамоед?

- Мактаби олие, ки ба донишҷӯён муддате дарс гузаштам, соли 1930 бо унвони Донишкадаи омӯзгории Фарғона таъсис ёфта, аз моҳи майи соли 1991 ба Донишгоҳи давлатии Фарғона табдили ном кардааст. Дар 11 факултаю 37 кафедра беш аз 600 омӯзгор, аз ҷумла 30 профессор ва 120 номзади илм тарбиятгари мутахассисони ҷавону донишҷӯён ҳастанд.

Ман худро хеле хушбахт эҳсос кардам, вақте ки дар ҳар куҷо бо забони тоҷикӣ сухан мегуфтаму сомеон маро мефаҳмиданд. Дарозои рӯзҳои ба донишҷӯёни шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик, ки се сол қабл дар донишгоҳи Фарғона таъсис ёфта буд, аз фанни таърихи адабиёти тоҷик дарс гуфтам ва доништалабонро бо осори пурғановати тоҷикон аз наздик ошно сохтам, дарк кардам, ки онҳо ба омӯзиши забони тоҷикӣ бетараф нестанд. Зиёда аз ин донишҷӯён хостанд, то лаҳзаҳои берун аз дарс ба онҳо аз арӯз низ сабақ дода бошам. Хушбахтона, онҳо бо шавқ ин дарсҳоро низ азхуд намуданд. Бори дигар исбот гардид, ки агар инсон хоҳиш дошта бошад, ҳеҷ монеае садди роҳи донишомӯзӣ шуда наметавонад.

Сафар ба Ӯзбекистон барои ман боз аз он ҷиҳат хотирмон гузашт, ки ман дар ҳимояи як рисолаи номзадӣ иштирок кардам. Мавзӯи баррасишуда “Таъсири калимаҳои форсии тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ” буда, нафаре, ки бояд рисоларо ҳимоя мекард, заҳмати зиёде кашидааст. Гумон мекунам, дар навишти рисолаю таҳрири он ҳисса гузоштам ва умедворам, ки он ба дифоъ мерасад.

-Устод, омӯзиши забони тоҷикӣ дар Фарғона дар кадом поя қарор дорад?

- Сафари ман ба Фарғона дар арафаи таҷлили 30 - солагии мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ сурат гирифт. Аз ин хотир, иштирок кардан дар ин рӯзи таърихӣ бароям хотирмон буд. Бахусус, дар Рӯзи забони ӯзбекӣ гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоӣ ва шеърхонию сухангӯӣ дар васфи забони ӯзбекӣ бароям фаромӯшношуданӣ гашт.

Бояд зикр намуд, ки омӯзиши забони тоҷикӣ дар Фарғона такмил мехоҳад. Гарчанде ки радиои маҳаллӣ бо кӯшишу заҳмати Масъуди Мирзо ҳамагӣ ним соат бо забони тоҷикӣ барномаҳои рангинро манзури шунаванда мегардонад ва ҳафтае як маротиба барномаи телевизионии “Ҳамватан” - ро бо забони тоҷикӣ фарғонагиён тамошо менамоянд, аммо бинобар кам будани мутахассисони соҳа масъулин наметавонанд, соатҳои барномаро зиёд намоянд. Онҳо боварии комил доранд, ки минбаъд шогирдони шуъбаи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Фарғона чун ворисони арзанда ба камол мерасанд. Таъсиси ин шуъба барои рушду нумӯи забони тоҷикӣ дар кишвари ҳамсоя низ мусоидат хоҳад кард.

- Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Мусоҳиб
Шоира КАРИМЗОДА

Add comment


Security code
Refresh