РИСОЛАТИ АСЛӢ - МАЪРИФАТИ МЕҲАНПАРАСТӢ

Ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Самимона ва сидқан дӯст доштани ин Ватан ва ин сарзамин, арҷ гузоштан ба арзишҳои неки миллӣ ва саъю талош кардан ба хотири ҳифзу густариши онҳо, инчунин оштинопазир будан бо ақидаву гароишҳои бегонапарастӣ дар маҷмӯъ андешаи миллиро ба вуҷуд меорад. Андешаи миллӣ раванди инкишофи ҷаҳонбинии афроди миллатро тақвият бахшида, ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят месозад.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 30 - юми ноябри соли равон дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” – и маркази вилоят ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” доир гардид. Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода иштирок ва суханронӣ намуда, дар вазъияти мутантан ба гирандагони Стипендияи Президентӣ шаҳодатнома ва маблағи онро тақдим доштанд.

Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суханронии хеш гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мушарраф гардиданашон ба ин номи пуршараф табрик намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҷавонони кишвар, бахусус ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд.

- Таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯён дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад. Ҷавонони вилоят низ дар ҷавоби ин ғамхориҳо пайваста мекӯшанд, ки бо хониши аъло, иҷрои корҳои таҳқиқотии илмӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва муҳим аз ҳама, дар тарғибу татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон пешсаф ва садоқат ба марзу буми Ватан дошта бошанд, - зикр дошт муовини Раиси вилоят.

Воқеан ҳам тайи солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва мусоидат барои ташаккули фикриву эҷодии онҳо аҳамияти махсус зоҳир гардида, бо дарназардошти афзудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаҳои таъминоти буҷавӣ зиёд шудани ҳаҷми намудҳои Стипендияҳои Президентӣ, Раиси вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳо аз муҳимтарин тадбирҳои дастгирикунандаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба хонандагони аълохон маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки алҳол дар миқёси вилоят 928 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият бурда, дар онҳо зиёда аз 550 ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Боиси қаноатмандист, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят рисолати аслии хешро баҳри мусоидат ба рушди маърифатнокии ҷомеа, тарбияи шахсиятҳои бузург, арбобони давлативу сиёсӣ, ходимони ҷамъиятӣ, олимону адибон нигаронида, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро бо мутахассисони дорои касбу кори гуногун таъмин менамоянд.

Муовини Раиси вилоят ҳамзамон, аз саҳми ҷавонони фаъол дар рушди ҷомеаи муосир ҳарф зада, мубориза бо амалҳои номатлубро яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷавонони фаъол арзёбӣ дошт.

- Аз касе пӯшида нест, ки экстремизми динӣ, таассуб ва хурофот, ки аз асолати дини мубини Ислом дур аст, дар ҷомеаи мо кӯшиши реша давонидан дорад. Ин решаҳоро ёфтан, шинохтан ва фош кардан вазифаи мову шумост, - гуфт Баҳоваддин Баҳодурзода. - Равандҳои таҳаввулоти ҷомеа имрӯз тақозо дорад, ки маҳз корҳои таблиғотӣ, маърифатию равшаннамоӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷавонони фаъол, онҳое, ки ба ояндаи миллату давлати хеш бепарво нестанд, бояд қарор гирад.

Дар ҷамъомад изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонон дар замони рушди босуръати илму техника ба азхудкунии технологияи муосир, ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа, омӯхтану истифода кардани дастовардҳои илм аҳамияти хоса дода, бо маърифати баланд, кӯшишҳову талошҳои пайгирона ва эҳсоси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Чорабиниро барномаи рангини фарҳангӣ ҳусни тозае зам намуд. Баъди ҷамъбасти ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд роҳпаймоӣ бо иштироки зиёда аз 1000 нафар ҷавон доир гашт.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh