Захираи кофии ангишту ҳезум дар муассисаҳои таълимӣ

Ҳамасола масъулони муассисаву ташкилотҳои ноҳияи Шаҳристон бо мақсади бе мушкилӣ гузаронидани фасли сармо - зимистон чораҳои зарурӣ меандешанд. Соли равон низ муассисаҳои таълимӣ баҳри дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020» омодагии ҷиддӣ гирифта, як қатор тадбирҳо ба анҷом расониданд.

Бино ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия Зоҳидҷон Ҳакимов, дар ноҳия 21 муассисаи таълимӣ фаъолият мебаранд ва дар онҳо 9398 нафар хонанда таҳсил менамоянд, ки нисбат ба соли гузашта 215 нафар зиёд аст.

Мавсуф ҳамзамон таъкид кард, ки дар маҷлиси нахустини ситоди ноҳиявӣ, ҳар як аъзои ситод оид ба назорат бурдан ва кӯмаки амалӣ расонидан ба муассисаҳои таълимии нисбат ба зимистонгузаронӣ ва амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бо қарори маҷлиси ситод вазифадор карда шуданд.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Зоҳидҷон Ҳакимов, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳанӯз санаи 16 - уми сентябри соли равон ҳамаи муассисаҳои таълимӣ пурра ба давраи тирамоҳу зимистон омода шудаанд.

Дар мавсими зимистонгузаронии имсола, мувофиқи эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии ноҳия, бо назардошти 20,35 тонна бақияи ангишти соли гузашта дар муассисаҳои таълимии ноҳия 402,89 тонна ангишт захира гардидааст, ки ин аз меъёр зиёд аст.

Инчунин, ҳезум 146,5 мукааб метр, тирезаҳои муассисаву кӯдакистонҳо 80 метри мураббаъ шишабандӣ шуда, захираи сӯзишворӣ 272 литр барои генераторҳои барқдиҳанда ба назар гирифта шудааст. Зимни сафари корӣ ба ноҳия мо аз якчанд муассисаҳои таълимӣ дидан намудем. Аз ҷумла мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18, ки он барои зимистонгузаронӣ пурра омода буда, синфхонаҳо бо маркази ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошанд. Тавре дар суҳбат директори мактаб Ҷамол Шарифов зикр дошт, ба мавсими зимистонгузаронии имсола 20 тонна ангишт ва 7 мукааб метр ҳезум захира шудааст.

Ҳамзамон аз омодагии муассисаи №3 – юми деҳаи Навкенти ноҳия дидан намудем. Сарвари дабистони мазкур Маъруфҷон Оқйигитов ба мо захираи кофии ангишт ва ҳезумро дар анборҳои муассиса нишон дод, ки дарвоқеъ он вуҷуд дошт. Дар ҳақиқат, дар дабистони мазкур барои паси сар кардани зимистони омадаистода омодаанд. Дар маҷмӯъ аз мушоҳидаҳоямон маълум гардид, ки кормандони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла маорифи ноҳия дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 ҳамаи чораҳои заруриро андешидаанд.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh