Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини якуми ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳодҷон Тошпулатов

6 сентябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар  толори қабули расмии Қасри Арбоб муовини якуми ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳодҷон Тошпулатовро ба ҳузур пазируфт.

Мавриди зикр аст, ки муовини якуми ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳодҷон Тошпулатов ҷиҳати иштирок дар чорабинии идона ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овард.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати расмии вилояти Фарғонаро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, аз таҳкими муносибатҳо бо вилояти Фарғона ёдоварӣ кард.

Қайд карда шуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳои Суғду Фарғона мустаҳкам гардида истодааст.

Муовини якуми ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳодҷон Тошпулатов аз номи роҳбарият ва сокинони вилояти Фарғона мардуми тоҷикро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфт ва дар роҳи расидан ба дастовардҳои нав барору комёбиҳо таманно намуд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ бунёд ёфтааст, минбаъд низ рушду таҳким хоҳанд ёфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh