Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров

6 сентябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар  толори қабули расмии Қасри Арбоб бо намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров мулоқот намуд.

Бояд зикр кард, ки намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров ҷиҳати иштирок дар чорабинии идона ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф овард.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жеенбеков ёдоварӣ карда, зикр доштанд, ки мардуми тоҷику қирғиз бояд бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ муносибатҳоро тақвият бахшанд. Таъкид гардид, ки масъалаҳои мубрами марбут ба марзи тарафҳо дар асоси протоколу ҳуҷҷатҳои баимзорасида ҳал карда мешаванд.

Намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров ҳамзамон аз номи худ ва мардуми вилояти Ботканд сокинони Суғди бостониро бахшида ба солгардии 28-умини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба мардуми тоҷик шукуфоии минбаъдаро таманно намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh