ПАЙВАСТШАВӢ БА СИСТЕМАИ НАВ

 Дар маҷлисгоҳи Раёсати андоз дар вилояти Суғд нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

Абдуқаюм Воҳидов - сардори Раёсати андоз дар вилоят оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти андоз дар нимсолаи аввали соли 2019 пурра маълумот дод. - Нақшаи даромади буҷети давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ҷониби Раёсати андоз дар вилоят дар нимсолаи аввали соли 2019 - ум 102,4 фоиз иҷро гардидааст, ки дар натиҷа ба буҷа бо назардошти андози иҷтимоию ғайрибуҷавӣ 1 миллиарду 400,2 миллион сомонӣ ворид шуд.

Ин шумора назар ба ҳамин даври соли гузашта 175 миллион сомонӣ зиёд мебошад, - қайд кард Абдуқаюм Воҳидов. Аз ҷумла, вобаста ба кормандони кироя ва ташкили дафтарчаҳои меҳнатӣ иттилоъ дода шуд, ки ҳар хоҷагии деҳқонӣ новобаста аз он, ки кормандонро ба корҳои мавсимӣ кор мефармоянд, бояд ба ҳар яки онон дафтарчаи меҳнатӣ кушоянд.

Дар нақша аст соли 2020 ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардида, он дар таҳрири нав таҳия ва мавриди истифода қарор дода шавад. - Моҳи июли соли 2019 - ум 50,3 фоизи андозсупорандагон ба шакли электронии тарзи ҳисоботи андоз гузаронида шуданд. 70,1 фоизи ба системаи электронӣ пайвастшудагон шахсони ҳуқуқӣ буда, 45,4 фоизи дигар соҳибкорони инфиродӣ мебошанд. Дар ҷараёни пайвастшавӣ ба шакли электронӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳои андоз ройгон мебошад, - иттилоъ доданд масъулини мақомоти андоз дар вилоят.

Дар анҷоми нишаст рӯзноманигорон дар бобати масъалаҳои гуногуни марбути мақомоти андоз ба саволҳояшон посух гирифтанд.

У.МАХФИРАЛИЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh