БОЛОРАВИИ НАРХ: МАНФИАТ БА ДЕҲҚОН Ё ФУРӮШАНДА?

Чаро нархи маҳсулоти ниёзи аввал гарон шуд?

Имрӯз дар бозору марказҳои савдо арзиши бархе аз маҳсулоти озуқаворӣ як андоза боло рафтааст, ки ин омил барои иқтисодиёти кунунии сокинони вилоят таъсир расонида истодааст. Ҳамасола, дар ин фасли сол аз заминҳои деҳқон ҳосили хубу фаровон рӯёнида, бозору марказҳои савдоро ғанӣ мегардонид. Вале, мутаассифона чанд моҳ инҷониб сокинон аз гароншавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ изҳори норозигӣ мекунанд.

Масъулин болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалияро ба якчанд омилҳо вобаста мекунанд, аз ҷумла, афзоиши нарх ба маводи сӯхт, баланд шудани арзиши маҳсулоти аз хориҷи кишвар воридмешуда, андози замин, нархи истифодаи об, заҳрдору ва нуриҳои минералӣ ва барои тағйир ё арзон кардани нарх масъулон наметавонанд «таъсире» расонанд.

- Мо дар даврони иқтисоди бозоргонӣ қарор дорем, бинобар он ба нарх дахолат карда наметавонем. Дар ин ҷода танҳо барои арзонтар кардани он ташвиқот мебарему халос. Нарх ба ихтиёри фурӯшанда аст, - гуфт сардори ташкилоти Ҷамъиятии «Соҳибкорони бозори марказии «Панҷшанбе» Ғанӣ Почоев.

 Иҷро нагардидани дурнамо ба арзиши сабзӣ таъсир расонд!

Доир ба болоравии нархи сабзавот масъулин иттилоъ доданд, ки дурнамои пешбинишударо танҳо кишоварзони шаҳрҳои Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳ таъмин намуда, боқимонда шаҳру ноҳияҳои вилоят аз сабаби риоя нагардидани кишти зироатҳои кишоварзӣ дурнамои пешбинишударо таъмин карда натавонистанд.

Шояд сабаби гарон шудани нархи сабзӣ иҷро нагардидани дурнамо бошад?

Солҳои қаблӣ дар бозор нархи сабзӣ арзон буд. Бубинед, ки имрӯз нарх ба ҳар як килои он то ба 3 - 5 сомонӣ расидааст. Сабзӣ ҳам аз намудҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб ёфта, барои истеъмоли ҳаррӯза муҳим аст. Фурӯшандагони ин намуд сабзавот низ таассуф мехӯранд, зеро сокинон нисбат ба мавсимҳои гузашта ҳоло кам харидорӣ мекунанд, ки ин ба кисаи фурӯшанда низ зарар мерасонад. Агар маҳсулоти харидаи онҳо ба фурӯш наравад, он давоми се – чор рӯз нобуд мегардад.

Гуландом Баққосова – фурӯшанда:

- Ҳама мехоҳад сабзавот арзон ва дастрас бошад. Зеро он ҳамарӯза барои рӯзгори аҳолӣ зарур аст. Арзонӣ аз як ҷиҳат танҳо ба мо - фурӯшандагон вобастагӣ надорад. Вале бордиҳандагон як нархро нигоҳ дошта, аксаран сабзавот пӯсида равад ҳам, арзон намекунанд. Он маҳсулотеро, ки бо нархи арзонтар ворид шуд, мекӯшем, арзонтар ба харидор фурӯшем. Эроди харидор ҳамеша дуруст аст. Мо низ мехоҳем, ки лоақал маҳсулоти аввалияи ниёзи мардум дар бозор арзонтар ба фурӯш бароварда шавад, вале афсӯс...

Зимни суҳбат аксарият аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бинобар гарон шудани нархи озуқаворӣ, аз ҷумла сабзӣ барои харидории он имконияташон маҳдуд шуда, маҷбур мешаванд, ки онро камтар истеъмол ва харид кунанд.

Шамсиддин Бобобеков имрӯз ба бозори «Панҷшанбе» барои харидории лавозимоти рӯзгор омада, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ, алалхусус сабзиву биринҷ ӯро нигарон кардааст.

- Ба арзиши 4 сомонӣ ба фурӯш гузоштани сабзӣ ва бо нархи 11 сомонӣ харидани биринҷ ноинсофӣ аст, зеро нафақа ва маоши имрӯза ба ин нарху наво тамоман мутобиқат намекунад. Агар таҳлили амиқ намоем, дар як шабонарӯз барои як оила хӯрок омода кардан тақрибан 30 сомонӣ рост меояд. Пас дар давоми як моҳ он ба 1,300 сомонӣ баробар мешавад. Ин дар ҳолест, ки музди маош ба ҷуз маҳсулоти хӯрокворӣ боз барои пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ҷудо карда мешавад. Дар ҳолати боло рафтани нарху наво бояд маош ва нафақа ба эътидол оварда шавад, - гуфт номбурда.

Нархи тарбуз ба маротиб афзуд, чаро?

Баробари боло афзудани маҳсулоти озуқаворӣ соли равон масъалае, ки сокинонро ба ҳайрат овард, ин батадриҷ тағйир ёфтани нархи маҳсулоти полезӣ аст. Имрӯз дар гӯшаву канори вилоят соҳибкороне, ки бо фурӯши маҳсулоти полезӣ машғул мешаванд, аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки нархи маҳсулоти полезӣ, аз ҷумлаи тарбузу харбуза солҳои қаблӣ ин гуна гарон намегардид.

Бино ба иттилои Сарраёсати кишварзии вилоят дар мавсими кишти баҳории соли ҷорӣ баҳри бештар таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти полезӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 5507 гектар кишти полезӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли сипаригашта 776 гектар зиёд мебошад. Афзун гардидани масоҳати кишти полезиҳо ба ғайр аз шаҳри Исфара дар боқимонда шаҳру навоҳӣ таъмин карда шуд. Аз ин бармеояд, ки соли равон мебоист нархи маҳсулоти полезӣ нисбат ба ҳамин даври соли сипаришуда дар бозори савдо арзон ба фурӯш гузошта шавад, вале ҳолат баръакс аст.

Сокинон аз он нигаронӣ мекунанд, ки соли равон бинобар боло рафтани нарх наметавонанд маҳсулоти полезӣ, алалхусус, тарбузу харбузаро харидорӣ кунанд.

- Соли гузашта тарбузро ҳатто бо нархи ду сомонӣ метавонистам дастрас кунам, аммо имрӯз хурдтаринашро ба нархи 7 - 8 сомонӣ харидорӣ мекунам. Ростӣ, то ҳол фарзандонам аз ҳосили имсолаи тарбузу харбуза бо серӣ истеъмол накардаанд. Вақте ба назди растаи тарбузфурӯшон меравам, аз нархи он ба ҳайрат меоям. Наход дар мавсими тобистон нархи як харбуза то 40 сомонӣ бошад, - мегӯяд сокини шаҳри Хуҷанд Исмоил Исмоилов.

Мирзошариф - фурӯшанда:

- Тайи ду ҳафта мешавад, ки як Камаз тарбуз ва ду портер харбузаи харидаамро фурӯхта наметавонам, зеро харидорон аз он шикоят мекунанд, ки нарх боло рафтааст. Ҳамчун фурӯшанда аз нархи харидаам арзон фурӯхта наметавонам, зеро он ба иқтисодиётам зарар мерасонад. Худ ба ҳайрат меоям, ки чаро имрӯз нарх боло рафтааст? Вақте аз нафароне, ки ин намуди маҳсулотро ворид мекунанд, сабаб пурсон шудам, яке танҳо бо ҷунбонидани сар посух гуфту дуюмин инҳоро аз гармии шадид ва нобуд гардидани полокҳои маҳсулоти полезӣ маънидод кард.

Номбурда аз он изҳори нигаронӣ кард, ки маҳсулоташ камхаридор ва ҳарорати баланди офтоб онро зуд нобуд карда истодааст. Барои муфлис нагаштан ба нархи харидааш фурӯхта истодааст. Чунин муаммо дар дигар фурӯшандагон низ дида мешавад, онҳо мегӯянд, ки солҳои қаблӣ дар як рӯз то 300 тарбузу харбуза ба фурӯш мерафт, аммо имрӯз дар як рӯз то 15 - 20 дона фурӯхтани маҳсулоти полезӣ ба чашм мерасаду халос. Агар вазъ чунин боқӣ монад, маҳсулоти харидашуда тамоман нобуд мегардад.

Аз ин ҷо суоле ба миён меояд, ки дар мавсими сармо вазъ чӣ гуна боқӣ мемонад инро танҳо вақт нишон медиҳад, зеро дар фасли гармо нархи маҳсулоти полезӣ аз 8 то 40 сомонӣ бошад, ва сабзавот, алалхусус сабзӣ то 5 сомонӣ ба фурӯш бароварда шавад, пас дар фасли зимистон арзиши онҳо чи гуна хоҳад буд?!

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh