Арзиши нерӯи барқ боло меравад

- Бо сабаби оне, ки истифодабарандагон пардохти нерӯи барқи истифодашударо пурра иҷро нанамудаанд ва бо дарназардошти қарзҳои кӯҳна, ба санаи 1 – уми июли соли 2019 қарзи умумии истифодабарандагон 450 миллион сомониро ташкил намуд, аз ҷумла қарзи истифодабарандагони корхонаҳои саноатӣ 26,4 миллион сомонӣ, ғайрисаноатӣ 43,8 миллион сомонӣ, буҷавӣ 28,1 миллион сомонӣ, хоҷагии қишлоқ 46 миллион сомонӣ, хоҷагии об 124,9 миллион сомонӣ ва аҳолӣ 149,2 миллион сомонӣ мебошад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Шабакаҳои барқии вилояти Суғд Тӯра Атамов.

Иттилоъ дода шуд, ки энергосистемаи вилоятро шаш шабакаҳои барқии минтақавӣ, ки дар таркиби худ 18 шабакаи барқии шаҳру ноҳияҳоро муттаҳид менамоянд ва нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум ташкил медиҳанд. Дар шабакаҳои барқӣ корҳои таъмиру барқароркунӣ иҷро гардида, азхудкунии фонди таъмирӣ давоми шаш моҳи соли равон зиёда аз 11 миллион сомониро ташкил намуд.

Оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон гуфта шуд, ки барои барқарорсозӣ ва ба истифода додани ҳамаи иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикӣ ба ҳамаи шабакаҳои барқии дар вилоят ҷойгирбуда ва нерӯгоҳи барқии Қайроққум нақша - чорабиниҳои техникӣ тасдиқ шудааст.

Аз тарафи мутахассисон то ба имрӯз як қатор корҳои таҳқиқотӣ ва омодасозӣ, аз ҷумла корҳои топографӣ, андозагирии қисми обгузар ва бетонии нерӯгоҳҳо, корҳои таҳқиқотии қисми зериобӣ, сохта тайёр намудани модели қисми обгузари нерӯгоҳ ва лӯлаҳо, лоиҳакашии обгузар доир ба таҷҳизоти борбардор, корҳои омодасозӣ ва ғайра ба анҷом расидаанд.

Ҳамзамон, Тӯра Атамов қайд кард, ки аз 1 - уми сентябри соли равон нархи истифодаи нерӯи барқ ба аҳолӣ боло меравад.

Аз ҷониби рӯзноманигорон бо масъулини соҳа доир ба боло рафтани нархи истифодаи нерӯи барқ, қарзи корхонаҳои саноатӣ дар назди шабакаҳои барқӣ, фаъолияти ҳисобченкунакҳои биллингӣ, таъмиру тармими нерӯгоҳҳои барқии обӣ суолу ҷавоб доир гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh