Роҳи оҳан бунёд мешавад

Давоми шаш моҳи аввали соли равон маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва амалиёти воридоту содиротӣ ба 70,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 21, 4 миллион сомонӣ зиёд аст. Молу маҳсулоти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодӣ ба ғайр аз кишвар ба давлатҳои ҳамҷавори Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон содирот шуда истодаанд, ки маблағи он зиёда аз 19,2 миллион сомониро ташкил дод.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» миқдори умумии ҷойҳои корӣ аз оғози фаъолият ба 565 адад расида, боз ташкили якчанд корхонаи дигар дар назар аст. Айни замон дар МОИ «Суғд» 26 субъект ба қайд гирифта шуда, мувофиқи ҳисоботи охирин 13 адади онҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва савдо, боқимонда бо корҳои сохтмонӣ, ободонӣ, ворид намудани таҷҳизот ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав машғуланд. Дар нимсолаи аввали соли равон ду субъекти нав – ҶДММ «Корхонаи муштараки тоҷикӣ - туркии «Афранг Пластик» ва филиали Ширкати канадагии «Хантана Канада» - ро ба қайд гирифт, ки аввалӣ тибқи лоиҳаи сармоягузорӣ бо истеҳсоли профилҳои пластикии дару тирезаҳо машғул шуда, 28 ҷойи нави корӣ ташкил менамояд. Ширкати канадагии «Хантана» бо ҷалби 15 нафар коргари маҳаллӣ бо коркард, бастабандӣ ва содироти асал машғул хоҳад шуд.

Ҳаҷми сармоягузории мустақим дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 2 миллион сомонӣ ва аз оғози фаъолияти минтақа зиёда аз 72,6 миллион сомонӣ таъмин гардид. Дар даври ҳисоботӣ андози иҷтимоӣ ба миқдори 946,3 ҳазор сомонӣ, андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 487,8 ҳазор сомонӣ ва пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо ба миқдори 9,4 миллион сомонӣ таъмин шуд.

– Маъмурият барои амалисозии стратегияи рушди минтақа ва дар ҳамин замина оид ба амалигардонии лоиҳаи сохтмони хатти роҳи оҳани «Спитамен – МОИ «Суғд» – Истиқлол» корбарӣ намуда истодааст, – изҳор дошт Фирдавс Олимзода, сардори Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд».

Мувофиқи талаботи Бонки Осиёии рушд ҷиҳати пайдо намудани дастрасӣ ба маблағгузории ин Бонк ва дар ҳолати омода гардидани ҳуҷҷатҳои боқимонда Бонк тасмим гирифтааст, ки масъалаи маблағгузории онро баррасӣ намояд.

Яке аз мушкилиҳои ҳалталаби рӯз ин норасоии нерӯи барқ ҷиҳати таъмини эҳтиёҷи субъектҳои МОИ «Суғд» бо ҳаҷми басандаи нерӯи барқ мебошад, ки масъалаи барқароркунии зеристгоҳи барқии «Fарбӣ» - ро дар ҳудуди минтақа ба миён меорад. Муроҷиати субъектҳои минтақа, аз ҷумла ҶДММ «Оҳанкор», ки аз тарафи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил шудааст, ба нерӯи барқ дар ҳаҷми 25000 Квт/с талабот дорад.

Гулҷаҳон Турсунзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh