Раҷаббой Аҳмадзода: Масъулият ва малакаи комил боиси рушду дастовардҳост!...

Машварати кории Раиси вилоят

22 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода машварати корӣ доир гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти дахлдор иштирок намуданд.

Дар машварати кории Раиси вилоят ҷараёни омодагӣ ба ҷашни бузургу таърихии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи феълии соҳаи кишоварзӣ дар вилоят мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт.  

Ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ ва иқдомҳои шоиста амалӣ мегарданд.

Боиси зикр аст, ки тибқиФармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар вилоят нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст, ки тибқи он то соли 2021 бунёд ва таҷдиди беш аз 6500 иншоот пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар давоми соли равон бунёди 2712 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи якум 1429 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 52,6 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, аз оғози соли 2018 то ин давра наздик 2780 иншооти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди истифода қарор баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои ободонӣ ва бунёди иншооти ҷашниро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ба масъулин бобати бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ, бунёди иншооти мухталиф  ва коргоҳҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ободу зебо намудани шаҳру деҳот дар доираи иқдоми солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дастуру супоришҳои амиқ дод.

Дар ҷаласа ҳамзамон, вазъи соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Раиси вилоят таъкид дошт, ки кишоварзони вилоят дар амалӣ шудани ҳадафи миллӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми шоиста мегузоранд.

- Кишоварзон бояд ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум бештар аҳамият зоҳир намоянд, - таъкид дошт Раиси вилоят. Дар ин замина дастур дода шуд, ки ба истифодаи самараноки замин ва кишти такрории зироатҳо эътибор дода шавад.

Тибқи иттилои масъулин то ин дам дар вилоят дар масоҳати 13 003 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 80 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки нақшаи кишти такрорӣ дар вилоят то санаи 5 август таъмин карда шавад.

Истифодаи самараноки замин аз омилҳои самарабахши фаровонҳосилӣ мебошад. Вале таҳлилҳо бозгӯи он аст, ки дар вилоят майдони 2441 гектар замин кишт нашудаву холӣ мондааст. Ин вазъ, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод беҳбудӣ металабад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бобати масоили муҳими соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ, захираи хошоки дурушт, истеҳсол ва содироти асал, бунёди сардхонаҳо, рушди соҳаи чорводорӣ, танзими нархи маҳсулот дар бозорҳо, таъсиси гӯшаҳои деҳқон дар шаҳрҳои саноатӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ ҳарф зада, ба масъулин бобати беҳтар намудани фаъолият ва нишондодҳо дастуру супориҳои муфид дод.

Ҳамзамон, дар машварати кории Раиси вилоят вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки нақшаи захираи ангишт дар муассисаҳои соҳаи маориф 34 фоиз ва тандурустӣ 12 фоиз таъмин гардидаасту халос. Муассисаҳои соҳаи фарҳанги вилоят то ин дам захираи ангишту ҳезумро умуман ба роҳ намондаанд, ки ин вазъ нигаронкунанда аст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки мардуми вилоят бо саъйу талоши комил ва дастовардҳои шоиста ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол хоҳанд гирифт.

Мухтори Абдулло,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh