Саноат: Истеҳсоли маҳсулот меафзояд

- Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 116,1 фоизро ташкил дод, - зикр намуд мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода. 

Ҳамзамон, мавсуф иттилоъ дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят дар ин давр ба 5,7 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 786,1 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Таҳлили истеҳсолоти вилоят нишон дод, ки бинобар кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаи саноатии ҷумҳурӣ - “Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой”, ки яке аз коргоҳҳои калонтарин маҳсуб ёфта, ҳиссаи он дар саноати вилоят 21,8 фоизро ташкил мекунад, истеҳсолот дар вилоят, паст гардидааст.

Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоятӣ бидуни фаъолияти корхонаи мазкур нисбат ба ҳамин даври соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 827,9 миллион сомонӣ зиёд буда, он 123 фоизро ташкил дод.

Шаҳри Гулистон нимсолаи аввалро бо қафомонии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ - 98,1 фоиз ҷамъбаст намуд. Сабаби асосии қафомонӣ коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар “Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой” бо нархҳои амалкунанда 322,9 миллион сомонӣ ва дар КМ “Апрелевка” 29,6 миллион сомонӣ зоҳир мешавад.

Дар шаш моҳи соли равон дар вилоят 59 корхонаву коргоҳи нав бо таъсиси 642 ҷойи корӣ ташкил гардид.

Бинобар иҷрои супориши Роҳбари давлат соли ҷорӣ дар вилоят таъсиси 13 коргоҳи дӯзандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Айнӣ, Ашт, Исфара, Деваштич, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба нақша гирифта шудааст.

То ин дам аллакай 8 корхонаву коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 61 ҷойи корӣ боз шуда, мавриди баҳрабардории мардум қарор гирифтанд. Инчунин соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 6 коргоҳи коркарди шир дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияи Мастчоҳ бошад, имсол дар заминаи иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Олим текстайл” Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ангубин” ба фаъолият оғоз намуда, аз ҷониби ин коргоҳ ба маблағи умумии 12,9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст.

Мутахассисони соҳа зимни гузаронидани таҳлилҳо бар он ақидаанд, ки шумораи корхонаҳои бефаъолият нисбат ба шашмоҳаи соли гузашта 44 адад кам шуда, маҳсулоти истеҳсолнагардида дар ин корхонаҳо 0,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти саноатии вилоятро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ дар вилоят дар нимсолаи аввали соли равон аз 605 корхонаи саноатӣ 506 корхона фаъолият бурда, истеҳсолот дар 51 корхона ба роҳ монда нашудааст. Илова бар ин, 48 корхонаи дигар мавсимӣ буда, ҳанӯз ба фаъолият оғоз накардааст.

Масъулин сабабҳои фаъолият набурдани корхонаҳои саноатиро нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, рақобат карда натавонистани маҳсулоти онҳо ва иваз намудани самти фаъолият, ҳамчунин баҳсҳои амволӣ зикр намуданд.

Соруҷ (семент) дар истеҳсолоти вилоят мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар вилоят 605,5 ҳазор тонна соруҷ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли пешин 115,8 ҳазор тонна ё ба миқдори 1,2 маротиба зиёд аст. Содироти соруҷи ватанӣ ба давлатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ба роҳ монда шуда, тибқи маълумоти раёсати гумруки вилоят, давоми 6 моҳи соли 2019 дар маҷмуъ 322,5 ҳазор тонна соруҷ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Консентрат ва маъдан бошад, солҳои охир ба яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ табдил ёфта, он дар ин давр ба маблағи умумии 147,3 миллион доллари амрикоӣ содирот шудааст.

Дар конҳои ангишти вилоят истихроҷ ба андозаи 1,2 маротиба зиёд гардида, дар нимсолаи соли равон 660,1 ҳазор тоннаро ташкил намуд.

Тибқи нишондодҳо ба 1-уми июни соли ҷорӣ дар соҳаи саноати вилоят 29385 нафар корманд дар рӯйхат буда, шумораи кормандони маошгиранда 22966 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳолати мазкур барои таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии кишвар, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда ва ниҳоят дар бобати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат саъйу кӯшиши боз ҳам бештари масъулин ва мутахассисони соҳаро дар ҳалли масоили мавҷуда ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави самарабахши истеҳсолот тақозо дорад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh