Ҳар касе гавҳари мақсуд ёбад бо саъй

Деҳаи Унҷӣ дар миқёси кишвар ҳамчун як макони қадимаи имрӯза дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгоҳи хосу мавқеи қиёснопазири хешро дошта, ҳамчун чароғи ҳастии сокинон дар роҳи рӯзгор дар чашми аҳли биниш, ҷомеа ва диёри азизамон ба мисоли равзанаест, то медарояд офтоб чеҳранамоӣ кардаасту дорад имрӯз ҳам. Одамонаш меҳнативу созанда, ободгару вусъатманданд.

- Борҳо ба Унҷӣ, бо мақсади дидорбинии хешону наздикони авлодиам рафтаму меравам. Ободӣ, зебоиаш, торафт ҷаззоб шудани симои нави деҳаро дида, бовар мекунед, аз нав ҷавондил мешавам, бахтёр мегардам, - мегӯяд марди шукронапазир, собиқадори меҳнат Оқилбой - саркор, ки имрӯз синнаш аз ҳафтод болост.

- Имрӯз мо аз сулҳу оромиву таҳкими паҳлуҳои зиндагиамон ифтихор менамоем. Дуо мекунам, ки чунин ифтихорро ҳар як фарди солимфикр, ҷавонони саодатманд соҳиб бошанд. Таҳкими ғояҳои давлати миллӣ кӯшишу мароми ҳар сокини кишвар дар нуру сафои сиёсати оқилонаву мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром ҷараён дорад, - изҳор менамояд ин марди некниҳод.

- Яъне, миллати тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами худ бо ифтихор ва ҳадафмандона ба пеш қадамҳои устувор мениҳад, - фикри ӯро тақвият дода мегӯяд Абдуҷаббори муаллим, собиқадори соҳаи маориф аз деҳаи Ғозиёни ҳамин ноҳия, ки навакак аз як чорабинии хотирмоне аз рустои Унҷӣ баргашта омадааст. - Деҳа аҷаб обод, дилрабо ва фараҳафзо гардида, як эҳсоси мутантан маро фаро гирифт. Шояд ин аз дидори одамони маҳбуб, боғи муҳташаму нозанини он бошад, ки пештар чунин саодатмандӣ дар чашму қалбам падид намеомад.

Нияти боздид аз деҳаи Унҷӣ моро сӯяш даъват кард ва мо ба онҷо бовару эътимоду эътиқод бастем. Аз шаҳри Хуҷанд - аз истгоҳи «Панҷшанбе» бо воситаи нақлиёти мусофиркашони «Газел» ба гардишгоҳи деҳа, онро маркази Унҷӣ ҳам мегӯянд, расидем. Ҳавову мавҷи фараҳмандӣ дар ин гӯшаи биҳиштосои Ватанамон маҳзари муҳаббат, саодат ва маҳбубият гардидааст. Дар маҳаллаҳои деҳа ободонӣ, сабзу хуррамгардонӣ самаровар, сафооваранд. Аз муҳаббати мардум ва маҳбубияти ватанпарастона, бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои шоистаи Раиси вилоятамон Раҷаббой Аҳмадзода дар як муддати кӯтоҳ чунин мавзеъ, гӯша ва маъвои фирдавсмисол бунёд гардид, дар зери осмони нилгуни диёрамон доман густурда, хиёбоне дар партави нури хуршеди оламтоб падид омад. Ба хотир овардан муҳим аст: дар доираи иқдоми «1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи ҷашни таърихӣ, санаи бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳанӯз бистунӯҳуми майи соли гузашта Раиси вилоятамон Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Унҷӣ ташриф оварда, бобати бунёди як мавзеи тозанамуд - Боғи фарҳангиву фароғатии хоси русто санги асос гузошта, ба сохтмончиёну мутахассисон ва роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Барқарор» дастуру супориш дода буд, ки корҳои бунёдсозии боғи фарҳангиву фароғатиро бо дарбаргирии фаввора, майдончаи бозӣ ва машқу тамрин барои кӯдакону наврасон, гулгашту сабзгардонӣ, нишастгоҳҳои истироҳатӣ бо тамоми шароитҳои фароҳам бахшида ба ҷашни навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шаванд.

Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд. Боғи фароғативу истироҳатӣ ва фарҳангӣ дар Унҷӣ чун рамзи болидасозии дилу рӯҳи мардум падид омад.

Дидори боғи рустоӣ, замони худшиносӣ ва ҳуввиятбахши миллӣ сокинони таҳҷоӣ, меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳатро эҳсоси мутантан мебахшад.

Мегӯянд: боғ дар нигоҳу чашм саргарми ҷустуҷӯи зебоӣ, нуру сафову фараҳбахшист. Ин боғ, ки порае аз замини муҳаббату маҳбубияти Ватани соҳибихтиёру шукуфону сарсабз маънӣ пазируфтааст, аз табассуму хандаҳои гулҳо, кӯдакону ҷавонони хуштолеву болидарӯҳи мо саршору лаболаб аст, ҳунармандона бунёд ёфтааст. Ба хонандагону омӯзгорони алалхусус яке аз макотиби муқаддастарини таҳсилоти миёнаи умумии рақами чордаҳи ноҳия он қадар хуҷастагиҳо, он дараҷа зебоиҳо, хушрӯиҳои дилпазире дорад, ки имрӯз яке аз мавзеъҳои писандидаву дӯстдоштаи мардуми Унҷӣ мебошад.

Дар назди даромадгоҳи Боғи фарҳангиву фароғатӣ моро шиноси деринаамон, марди навҷӯву ташаббускор Абдураҳмон Ҳалимов истиқбол гирифт. Ӯ инсонест ҳақиқатгуфтор, ҳамеша дар талоши манфиати мардум ва ҷомеа буда, чун шахси ташаббускор масъули мавзеъҳои Инқилоб, Ҳақиқат, қисман 1 - Май, Сирдарё, Лаби ҳавз, яъне раиси кумитаи маҳалла дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ шинохтаву эътироф гардидааст. Гуфт, ки дар ин минтақаҳои аҳолинишин бештар аз чаҳор ҳазор аҳолӣ иқомат менамоянд. Худи ӯ давоми ҳафт сол инҷониб вазифаи раисии кумитаи маҳалларо бар уҳда дорад, дар иҷрои кору уҳдадорӣ муваффақ аст. Пайваста аз корҳои бобарори ободонӣ ва созандагӣ дар масири сулҳу суботи кишвар, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, ташаббусҳои созандаи Раиси вилоятамон, шукронаи замон, таҳаммулпазирии одамон, тарбияи ахлоқи ҳамида дар вуҷуди ҷавонон сухан мегӯяд, фикрҳои худро иброз медорад.

Бо хурсандӣ ва дилгармии хоси худ гуфт: - Ҳамон вақт баробари ба бунёди ин боғ санги асос гузоштан, Раиси вилоятамон Раҷаббой Аҳмадзода инчунин ба мумфаршкунии кӯчаи 1 - Май ҳусни оғоз бахшида, бо ҳамин дар Унҷӣ тадбирҳои ободонӣ ҷараёни тоза гирифта буд. Имрӯз ҳама бо ақли солим эҳсос менамоем, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти азизамон барои беҳдошти шарту шароити зисту зиндагонии мардум то ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ - ин неъмати миллӣ, башорати саодатмандӣ давоми се сол дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳрҳо, ноҳияҳои вилоят коргоҳҳои дӯзандагӣ дар масири рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳангӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, сартарошхона, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бо тарҳу услуби хоси замони муосир бунёд кардаву ба истифодаи умум дода мешаванд. Аз ин тадбирҳои ҷадид Ҷамоати деҳоти Унҷӣ ҳам шарафёбу баҳраманд мебошад, ки завқи хоса ба самар овардааст. Муҳити рӯзгор хуҷастагиҳо, шукуфоиҳои нурбор дорад, - самимона ҳарф мегӯяд ин собиқадори меҳнат.

Чанд соли пешро ба хотир меорад Абдураҳмон Ҳалимов: - вақте маро ба вазифаи раиси кумитаи маҳаллаҳо таъин намуданд, кӯчаҳои Инқилобу Ҳақиқат ва 1 - Май аз соли дуҳазору чордаҳум шаш километр мумфарш карда шуданд. Халқ як ифодаи раҳнамоӣ дорад - «Шунидан кай бувад, монанди дидан». Биёед, аз рӯи ин гуфтор амал менамоем, - гӯён моро барои дидани паҳлуҳои ободкорӣ таклиф кард. Агар ташаббус ва иқдомот самар оварад, ин башорати осудаҳолисту ободии рӯзгор аст.

Абдураҳмон Ҳалимов чунин ташаббускору роҳбалади мардум барои амалҳои нек, корҳои пурманфиат аст. Баробари қавитар гардонидани алоқаву муносибати мардум бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ба ҳалли мушкилоти ҳаёти деҳот саҳм мегирад. Ҳамин тавр, бо ҷонибдории сохторҳои марбута ва иқдомоти мардум дар маҳалла барои чароғон намудани мавзеъ, роҳу манзилҳои аҳолӣ се трансформатори баландшиддати пурқувват насб шудааст, ки ба яксаду бист хоҷагӣ хизмат мерасонад. Беш аз ду километр кӯчаву тангкӯчаҳо шағалпӯш шуданд. Аҳолии маҳаллаҳои Ҳақиқат, 1 - Май, Инқилоб, Сирдарё ва Лаби ҳавз пурра бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд, ки ҳама болидахотиранд. Рақамҳои ҳавлии мардум бо навъу талабот ба шароити имрӯз мутобиқ иваз шуданд, ки ин нишони хуби маҳалладорӣ низ ҳаст. Амали хайру савоб ҷараён дорад: барои беморони гирифтори сактаи мағзи сар дар маҳалла ду аробачаи маъюбӣ ройгон хизмат мерасонад. Ҳалли масъаларо Абдураҳмон Ҳалимов саривақт ёфт: бинои масҷидҳои фаъолияташ бозмондаро бо мақсади неку пурманфиат истифода бурд - сехҳои либосдӯзӣ, атласбофӣ, кошонаи ҳусн созмон дод, ки айни ҳол занону духтарони ҳунарманди маҳалла кор мекунанд, касб меомӯзанд, ҳунарашонро сайқал медиҳанд. Ҳоло дар маҳаллаҳо як идораи кумитаи маҳалла бо шароити хубу замонавӣ фаъолият мебарад, маҷлисгоҳу нуқтаҳои коргузорӣ, беш аз шаст ҷои нишаст дорад.

- Соли дуҳазору чордаҳум дар маҳалла чойхона, мағозаи хӯрокворӣ сохта шуда, имрӯз талаботи мардумро қонеъ мегардонанд. Тадбирҳои тарбиявӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, танзими анъана, ҷашну маросим, корҳои фаҳмондадиҳӣ хуб ба роҳ монда шудааст, - зикр намуд А.Ҳалимов. - Бо сардории раиси занҳои маҳалла Турсуной Ҳасанова моҳе як маротиба бо оилаҳои ҷавону бонувони калонсол вохӯриву мулоқот ташкил карда мешавад. Маҳалла обод бошад, мардум шоданд. Ҳар узви он барои тозаву аз партовҳо озод кардани ҷӯйборҳову кӯчаҳо, маҳалли зист кӯшишу азм дорад. Ин нишони завқи зиндагонии ҳар сокини маҳалла таҷассуми зебоипарастӣ ва табиатдӯстист.

Рӯ овардан ба шукуфоиву сарсабзӣ, ободӣ ва хуррамӣ, рушди маҳалли зист - деҳоти худ хурду калонсоли рустои Унҷиро нерӯи рӯҳониву бовар бахшида, завқашонро бо амалашон решапайванд мегардонад. Рӯзона ва бегоҳ боғи Унҷӣ ҳамеша серодам аст ва иншооти он ба рушди сайёҳӣ, пешрафти деҳот мусоидат менамояд. Мавриди ҷолиби дигар ин аст, ки ҷозибаи ташаббусҳо, иқдомҳо ва кору пайкор дар тифоқу сарҷамъӣ, шукргузорӣ ва эҳсоси ватандорӣ баландтар нерӯ мепазирад.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
Муқими АЛИШЕХЗОД,
Рӯзноманигорон

Add comment


Security code
Refresh