Ҷойгоҳи волои ҷашни миллӣ ва ташаббускориҳои беназир - ҳадафи аслӣ

Гузориш аз ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019

Санаи 15-уми июли соли 2019 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 баргузор гашт.

Дар кори ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои вилоятӣ, муассисаву корхонаҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони вилоят иштирок доштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, пас аз тасдиқи рӯзномаи ҷаласа, ки аз як масъала- баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019- иборат буд, суханро ба муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ вогузор кард.

Муовини Раиси вилоят  оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ гузориши муфассал намуд.

Дар гузориш зикр шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2019 дар вилоят ба маблағи 5,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 108,3 фоизро ташкил кард.

Қайд шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар имсол дар вилоят баистифодадиҳии 100 корхона бо 1030 ҷойи корӣ ба нақша гирифта, дар давраи ҳисоботӣ 59 корхона бо 642 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2019 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 1 миллиарду 850,5 миллион сомониро ташкил дода, (бо нархҳои муқоисавӣ) нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 17,1 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 924,6 миллион сомонӣ ё 20,1 фоиз ва чорводорӣ 925,9 миллион сомонӣ ё 14,2 фоиз зиёд гардидааст.

Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 72443,5 тонна ғалладонагӣ ё 25,6 фоиз, 67521,1 тонна сабзавот ё 0,5 фоиз, 44207,9 тонна картошка ё 1,8 баробар, 60371,2 тонна меваҷот ё 25,6 фоиз, 8846,2 тонна полезӣ ё 3,6 фоиз зиёд истеҳсол шудааст.

Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1011,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2018 - ум 0,7 фоиз ё 7 миллион доллар зиёд шудааст. Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 80,7 фоиз ё 816,4 миллион доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 19,3 фоиз ё 195,5 миллион доллар рост меояд.

Дар ин давра аз вилоят ба хориҷи кишвар ба маблағи 224,5 миллион доллар маҳсулот содирот гардид.

Дар идомаи ҷаласа Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода соҳаҳои хоҷагии халқи вилоятро таҳлил намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифат ба роҳ мондани  корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои саривақтии нақшаи андозҳо, дастгирии соҳибкорон, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, таъмини рушди моҳипарварӣ, ташвиқу тарғиби имкониятҳои сайёҳии вилоят, дар ин замина истифодаи самаранок аз имкониятҳои  сомонаҳои интернетӣ, ташкили харитаи сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас раисони шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода, шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён аз дастоварду мушкилоти шаҳрҳо гузориш доданд.

Аз ҷумла раиси шаҳри Хуҷанд  Маъруф Муҳаммадзода қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати сазовор  истиқбол намудани  ҷашни бузарги миллӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораву тадбирҳоро андешида, иҷрои нақшаву чорабиниҳоро дар сатҳи зарурӣ таъмин намуда истодааст.

Раиси вилоят зимни музокирот нисабт ба фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр сухан карда, аз фаъолияти чанд корхонаҳо изҳори нигаронӣ кард. Дастур дода шуд, ки ба ободонии шаҳри Хуҷанд чун маркази вилоят диққати аввалиндараҷа дода шавад.

 Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара, коркарди меваҷот дар ин минтақа, содироти маҳсулот, ба виҷа зардолуи ноҳия сухан карда, пешниҳод намуд, ки ба такмили фаъолияти комбинатҳои консервабарории ноҳия таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад. ҳамзамон Раиси вилоят  аз афзудани бемориҳои сироятӣ, аз қабили сил изҳори  нигаронӣ карда, ба масъулини соҳаи тандурустии вилоят супориш дод, ки ҳарчи зудтар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати  саломатии мардум чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Ба раиси шаҳри Панҷакент пешниҳод шуд, ки ба технологияи хушк кардани себ таҷдиди назар карда, аз технологияҳои замони муосир кор гирифта шавад. ҳамзамон омодагии ҳамаҷонибаи  шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ таъкид шуд. 

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҳамчун роҳбари гуруҳи корӣ оид омодагиҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои марбут ба ҷашни таърихиву миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ пурсиш намуда, иҷрои сифатноки бандҳои нақшаи чорабиниро тақозо кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки  ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сохтмони 6500 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, аз соли 2018 то инҷониб 2781 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар анҷом зимни ҷамъбасти ҷаласа Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  қайд намуд, ки бояд мардуми сарбаланди  вилояти Суғд баҳри истиқболи сазовори ҷашнҳои таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500 солагии Саразми бостонӣ талошҳои пайваста намудзоҳир карда, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани  ин ҷашнҳои фархундаи миллӣ омодагиҳои ҳамаҷониба бинанд.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh