САНОАТИКУНОНӢ ДАР АШТ: ВАЗЪ ВА ДУРНАМО

Саноатикунонии босуръат чорумин ҳадафи миллӣ маҳсуб ёфта, мақсади ниҳоии он бунёди корхонаҳои истеҳсолии рақобатпазир бо саноати кишварҳои рушдёфтаи хориҷӣ, муваффақ дар самти содироту ҳамзамон дарёфти мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонӣ ва албатта, бо татбиқи ин барномаи нави миллӣ таъмини теъдоди зиёди қувваи кории мамлакат бо ҷойҳои корӣ мебошад. Дар ин замина, дар шимоли кишвар, ба вижа вилояти Суғд тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, то ҷое муваффақ ҳам мешаванд. Хусусан, дар шаҳрҳое чун Хуҷанд, Истиқлол, Гулистон, Бӯстон, Исфара, Истаравшан ва қисман Конибодом, ки даҳсолаҳои охир дар ин самт заминаи хуби моддиву техникӣ доштанд, ин раванд то андозае мувофиқи матлаб аст. Дар дигар навоҳии вилоят, аз ҷумла ноҳияи шимолтарини кишвар – Ашт масъулин ба ин соҳа то чӣ андоза таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд? Оё ноҳия, ки асосан кишоварзисту заминаи дурусти моддиву техникӣ надорад, метавонад дар самти саноатикунонӣ қадамҳои ҷиддӣ гузорад?

– Имкониятҳои мавҷудаи ашёи хом дар самти кишоварзӣ, чорводорӣ ва канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ моро водор менамоянд, ки ба дурнамои шаффофу равнақи саноати коркард эътимод пайдо кунем, – мегӯяд Ҷамшед Маҳмудзода, муовини раиси ноҳияи Ашт. – Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафи чоруми кишвар – саноатикунонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бисёр тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, барои ташкили ҷои корӣ, ба роҳ мондани корхонаҳои саноатӣ. Имсол бунёди чор коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии саноатиро ба нақша гирифтаем. Дар оғози соли нав коргоҳи дӯзандагӣ дар маркази Ҷамоати деҳоти Ориён бо 14 ҷои корӣ таъсис ёфта, дар ҷараёни сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба истифода дода шуд. Самти фаъолияти ин корхона асосан ба дӯхтани либосҳои мактабӣ равона шудааст. Агар қаблан анқариб 80 - 90 дарсади либоси мактабӣ ба ноҳия ворид мешуд, ҳоло баръакс, ҳамин миқдор либоси мактабӣ бевосита дар ҳудуди ноҳия омода карда мешавад, ки бешубҳа, ин аз муваффақияти масъулини соҳаи саноат мебошад. Ба ҳамагон равшан аст, ки ҳоло дар тамоми гӯшаву канори кишвар сохтмони корхонаҳои хурди саноатӣ дар авҷ аст ва масолеҳи сохтмонӣ бозори фаъоли худро дорад. Бо дарназардошти он, ки аксари масолеҳи сохтмон ба ноҳия аз дигар манотиқи вилояту ҷумҳурӣ ворид карда мешавад, тасмим гирифтем бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ тавлиди чанд номгӯи он, аз ҷумла хиштро дар худи ноҳия роҳандозӣ кунем ва дар ин ҷода қадамҳои ҷиддӣ гузошта мешавад.

Баҳри дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани маводи истеҳсолии худӣ дар ноҳия соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтааст, ки бунёди корхонаи истеҳсоли хиштро дар Ҷамоати деҳоти Шодоба бо иқтидори 2 миллион дона хишт дар як сол ва таъсиси 35 ҷои кории нав ба роҳ монад.

Ба андешаи Мирзошариф Ҷӯраев, муҳандиси ҳирфаӣ дар соҳаи сохтмон бо таҷрибаи кории 25 – 30 - сола дар ҷумҳуриву кишвари Россия имкониятҳои ноҳияи Ашт ҷиҳати рушди соҳаи сохтмон – истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ аз дигар манотиқи кишвар бузургтару манфиатноктар аст.

– Бо дарназардошти он ки дар ҳудуди ноҳия ҳамаи намуди ашёи хоми соҳаи сохтмон мавҷуд аст, метавон дар ин ҷо бо ҷалби соҳибкорони муваффақ ва ворид кардани технологияи муосир чанд корхонаи истеҳсоли семент, хишт, гаҷтахтаҳоро ба роҳ монд, ки ҳам ҷои корӣ хоҳад шуду ҳам аҳамияти калони иқтисодӣ дорад. Дурнамои ноҳияи Ашт дар ин самт мусаффост. Рӯзе хоҳад расид, ки ноҳия ба яке аз манбаъҳои бузурги истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ табдил меёбад. Он вақт нафақат талаботи худи аҳолии ноҳия, ҳамзамон шаҳру навоҳии вилояту ҷумҳуриро қонеъ хоҳад кард, – меафзояд Мирзошариф Ҷӯраев.

Дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон бошад, сехи қаннодӣ бо 20 ҷои корӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол сохтмони бино ба итмом расида, таҷҳизоти сех аз Федератсияи Россия ворид ва то охири сол ба истифода дода мешавад. Боз як коргоҳи нав дар назди ҶДММ «Аштфрут», яъне корхонаи бандубасти меваҳои гуногун бо 16 ҷойи корӣ таҳти роҳбарии Ёрмат Мақсудов ба истифода дода мешавад.

– Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи саноат ба маблағи 92 миллиону 382 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудем, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 миллиону 439 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад,– мегӯяд Ҷамшед Маҳмудзода. – Суръати афзоиш 126,3 фоизро ташкил медиҳад. Айни ҳол корхонаҳои саноатии ноҳия фаъолияти худро бомаром ба роҳ мондаанд. Инчунин, барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми кишвар мо нақшаи чорабиниҳоро ба вилоят пешниҳод кардем, ки дар он то соли 2023 қариб сохтмони 23 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ тарҳрезӣ шудаанд.

– Ноҳияи Ашт дар самти саноатикунонӣ дар қиёс бо дигар навоҳии вилояту ҷумҳурӣ муваффақ шуда метавонаду аз минтақаи сирф кишоварзӣ ба саноатӣ табдил меёбад, – гуфт дар суҳбат рӯзноманигори касбӣ Ҷовиди Аштӣ. – Он имконоту захираҳои мавҷуда сад дар сад шароит фароҳам меоваранд, ки ин ноҳияи шимолтарини кишвар дар ин ҷода – саноатикунонӣ ба ҳадаф расад. Барои ин чанд омилҳо мавҷуданд. Яке аз онҳо идомаи азхуд кардани заминҳои солҳои сол бекорхобидаи дашти Ашти калон мебошад. Зеро барои обёрии ин заминҳои ташналаби Ашт дар заминаи дарёи Сир пойгоҳҳои нерӯманд сохта, ба ин васила ҳазорҳо гектар боғҳои замонавии интенсивӣ бунёд мешаванд.

Табиист, ки ҷиҳати коркарди ниҳоии самари боғҳо бояд даҳҳо корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ сохта ба истифода дода шаванд. Дар ин ҳолат ҳам ҷойҳои нави корӣ мешаванду ҳам маҳсулоти тайёри консервӣ рӯ ба содирот меоранд. Дар он вақт ғанишавии буҷаи ноҳия танҳо аз соҳаи кишоварзӣ не, аз фаъолияти бомароми саноати коркард «ғизо» - и асосӣ мегирад.

– Оё ҷиҳати ҷалби соҳибкорони аштие, ки берун аз ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд, тадбире роҳандозӣ мешавад? – мепурсам аз Ҷамшед Маҳмудзода.

– Бале, баъди даъвати Пешвои миллат аз соҳибкорони ватаниву хориҷӣ оид ба обод кардани диёри аҷдодӣ дар талош шудем, ки соҳибкорони ноҳияро аз манотиқи гуногуни Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва хориҷи дур дарёфт карда, доир ба ҳамкории диёр мувофиқат кунем. Ҳоло марҳалаи аввал идома дорад ва боварӣ ҳаст дар ин ҷода муваффақ хоҳем шуд.

Ноҳия субвенсионӣ буда, алҳол 52 фоизи буҷет аз ҳисоби буҷети вилоят пурра мешавад. Қисми умумии хароҷот агар 76 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бошад, қариб 40 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят аст.

– Барои рушди соҳаи саноат боз чӣ тадбирҳо андешиду кадом роҳҳоро ҷустуҷӯ кард, ки ноҳия аз дастнигарӣ халос шавад?

– Алҳол ҶСК “Намаки Ашт” таҳти назорат қарор дорад. Аз ҷониби ин коргоҳ ба кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон ва Ӯзбекистон 414 тонна намак ба маблағи 10,9 ҳазор доллари амрикоӣ содирот карда шуд. Соли равон аз ноҳия ба хориҷи кишвар 3334 тонна меваи тар, асосан зардолу ва гелос содирот гардид, ки нисбат ба соли гузашта 1000 тонна зиёд мебошад.

Имрӯз ноҳияи Ашт аз лиҳози бунёди боғҳои нав дар қаламрави вилояту ҷумҳурӣ дар сафи пеш қарор дорад. Ҳамасола аз нақша зиёд боғҳои ҷадид доман паҳн карда, майдонҳои қаблӣ таҷдид мешаванд. Бо дастури Сарвари давлат боғҳо дар заминҳои ҳамвори обӣ не, дар талу теппаҳо бунёд карда мешаванд. Маврид ба зикр ҳам мебошад, ки обод кардани боғ як тарафи масъала ҳасту фурӯхтани самари он дигар тараф.

Алҳол дар ноҳия наздики 18 ҳазор гектар боғ, асосан боғҳои истеҳсоли зардолу бунёд ва парвариш мешаванд. Аз ин миқдор зиёда аз 9 ҳазор гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доимӣ дар талош аст, ки дар ҷамоатҳо бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ коргоҳҳои хурди коркарди афшураи меваҳоро ба роҳ монанд. Ҳамкорӣ бо ҶДММ «Аштфрут», сарвараш Ёрмат Мақсудов самари хуб мебахшад. Айни ҳол ширкати мазкур ба нақша гирифтааст, ки шурӯъ аз соли 2021 истеҳсоли афшураҳои мевагиро бо таври фаровон ба роҳ монад.

Яке аз омилҳои дигари муҳими рӯ ба саноат дар ноҳияи Ашт, ин истихроҷи маъданҳои зеризаминӣ ва нафт мебошад. Дар ин самт низ хушбахтона, кӯшишҳои мусбӣ ба назар мерасанд. Соли 2018 дар ҳудуди ноҳия аз ҷониби ҶДММ «Хорои Хуҷанд» коркарди сангҳои табиӣ – санги хоро роҳандозӣ шуд, ки ҳоло фаъол аст. Ҳамзамон, барои ҷудо кардани замин барои ташкили корхонаҳо дар ин ҷода кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Дар ин ҷо сангҳои гуногуни минтақаи Ровакон коркард мегарданд, ки ба пешрафти саноати кишвар низ манфиати зиёд дорад. Солҳои наздик боз ду корхонаи дигари коркарди санг ба роҳ монда хоҳад шуд.

Пахтакорӣ низ аз муҳимтарин бахшҳои рушди саноатикунонии ноҳия шуда метавонад, зеро дар заминаи коркарди ашёи хом - нахи пахта метавон силсилакорхонаҳои саноатиро ба роҳ монд. ҶДММ «Рахшона», ки аз ҷумлаи ширкатҳои муваффақи соҳаи кишоварзист, тасмим дорад дар ояндаи начандон дур коргоҳи коркарди нахи пахта ва маҳсулоти тайёри онро бунёд намояд. Дар ин замина соли 2021 нақша ҳаст, ки коргоҳи ресандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Ширкати мазкур равнақи соҳаи моҳипарвариро дар 45 гектар вусъат бахшиданист, ки ин иқдом низ омили муҳимест дар саноатикунонии ноҳияи Ашт.

Дар масъалаи ташкили боғҳои интенсивӣ бошад, дастгирии соҳибкорон ба назар мерасад. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкор Зайлобиддин Мақсудҷонов як сардхонаи замонавӣ бунёд карда шуд. Таҷҳизоти сардхона аллакай ба ноҳия ворид шуд ва рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Инчунин, аз ҷониби ин соҳибкор дар деҳаи Марҳамат токзори интенсивӣ бунёд гардид. Масъалаи ҷалби сармоя ва истеҳсоли корхонаи муштарак низ дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад. Бо соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои дар ноҳия ташкили коргоҳи истеҳсоли нуриҳои минералӣ ҳамчунин, аз тарафи як соҳибкори маҳаллӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ташкили истеҳсоли мебел ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар сурати роҳандозӣ кардани ҳамин тасмимҳо ноҳияи Ашт метавонад дар ояндаи наздик аз ноҳияи субвенсионӣ ба саноатии рушдёфта табдил ёбад.

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh