Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18 км роҳ пурра мумфарш карда шуд

12 июли соли 2019 дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари гуруҳи корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии мамлакат Ориф Хоҷазода мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои Шифокор ва 1-уми май оғоз ёфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз маросими оғози корҳои роҳсозӣ бо сокинони ҷамоат суҳбат намуда, оид ба корҳои ободониву созандагӣ, ки дар қаламрави вилоят ҷараён доранд, маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 6500 иншооти таъиноташон гуногун сохта мешаванд. Дар ин раванд ба таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, танҳо дар соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мумфаршкунии беш аз 100 километр роҳҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст.

Илова бар ин, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатманд роҳи деҳаву ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо низ мумфарш ва таъмиру тармим мегардад. Таъкид гардид, ки мумфаршсозии роҳи кӯчаҳои Шифокор ва 1-уми май маҳз бо саҳмгузории сокинону саховатмандон оғоз ёфта, дар маҷмуъ 1,6 км роҳи кӯчаҳои зикршуда мумфарш мегардад.

Раиси вилоят аз иқдоми созандаи сокинони ҷамоат истиқбол карда, иброз дошт, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то имрӯз 12,4 км роҳҳои ноҳия пурра мумфарш карда шуд. Саҳмгузории сокинон дар ободонии роҳҳо бошад барои боз ҳам ободу зебо гардидани маҳал мусоидат мекунад.

Ёдовар бояд шуд, ки соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъмир ва мумфаршкунии 259,1 км роҳҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 110,1 км роҳҳои ҳудуди ноҳия навсозӣ гардидааст. Аз ҷумла, 18 км мумфарш, 61 км таъмири ҷорӣ ва 31,1 км шағалпӯш карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh