Хуҷанд: Вусъати ободкориҳо

Дар қаламрави вилоят бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои азнавсозиву бунёдкорӣ, аз ҷумла бунёди як қатор корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳо бомаром идома доранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ғайр аз гузаронидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои дохили маҳаллаҳо, инчунин сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре сардори дафтари матбуоти раиси шаҳр Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, давоми солҳои 2018 - 2019 - ум беш аз 163 иншооти гуногуни соҳаи хоҷагии халқ ба маблағи 416 миллиону 218 ҳазор сомонӣ бо таъсиси зиёда аз 900 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

Дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ маркази хизматрасонии замонавӣ бо номи «Шоҳона», ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сохта шудааст, мавриди истифода қарор гирифт. Тарабхона бо тарҳи миллӣ оро дода шуда, 25 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Баҳри беҳтар гардонидани шароити манзилии аҳолӣ дар ҳудуди шаҳр 6 бинои истиқоматии бисёрошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Инчунин, дар кӯчаи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд бинои нави озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба истифода дода шуд. Бинои нави озмоишгоҳӣ аз ҳисоби маблағҳои донишкада бо харҷи беш аз 2 миллиону 374 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имконият медиҳад, ки дар он 9 озмоишгоҳи нав барои донишҷӯёни ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, меъморӣ амал кунад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани нақшаҳои тарҳрезишуда оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ва бо дастовардҳои муносиби меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ ҳамарӯза корбарӣ намуда истодааст.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh