РАВАНДИ СОЗАНДАГИИ ВАТАН АЗ РОҲИ ОБОД

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Дар ин радиф, инчунин ба истиқболи ҷашни таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи чорабинӣ тартиб дода, баҳри ободонии диёр хеле корҳоро ба сомон расонида истодаанд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров давоми ду сол аст, ки ташкилоту муассисаҳо аз рӯи супоришҳои гузошташуда амал карда, соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил шуда истодаанд. Дар ин давр дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва саноат корҳои ободонӣ мароми хешро ёфт.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар маҷлисгоҳи Мактаби хонандагони болаёқати деҳа фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вохӯрӣ доир намуда, дар сохтмону барқарорсозии беш аз 50 номгӯй иншоот, ба монанди инфрасохторӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, полезӣ, ободонии маҳаллаҳо ва таъмири роҳҳо вазифаҳоро муайян намуданд.

Метавон гуфт, солҳои қаблӣ аксар роҳҳои мошингард, пиёдаравҳои назди корхонаю ташкилотҳо таъмирталаб гардида буданд. Пас аз ҷаласа дар қатори дигар иқдомҳои шоиста, соҳибкорон, роҳбарони ташкилоту коргоҳҳо тасмим гирифтанд, дар рушду ободонии деҳот саҳми хешро гузоранд.

Тавре дар ин бобат муовини раиси ҷамоат Матлуба Ҷӯрабоева арз медорад, дар ободонӣ ва таъмиру мумфаршкунии роҳҳо бо ҷонибдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия соҳибкорон, шахсони алоҳида ва тариқи ҳашар аҳолӣ низ шомил шуданд. Чунончи, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳолӣ роҳҳои маҳаллаҳои Ҳавузаки Поён, Ҷӯйи Муғул, Бахт ва Арбоб ба масофаи 5 километр шағалпӯш, саҳни ҳавлии Беморхонаи марказии рақами якум дар масофаи як километр мумфарш ва роҳравҳо сафолакпӯш гардиданд.

Ба истиқболи ҷашни бузурги таърихӣ кӯчаҳои ба номи Охунов ба масофаи 850 метр ва Рокиев – 500 метр мумфарш шуданд.

Пешвои муаззами миллат дар ҳар як мулоқот ва вохӯриҳо таъкид намудаанд, ки дар таъмиру тармими роҳҳо ва умуман ободонии диёри хеш ҳар як соҳибкор ва аҳолӣ бояд фаъолона ширкат варзанд. Воқеан, чанд солест, ки дар ҷумҳурӣ барои истеҳсолотчиён мунтазам мораторий эълон шуда истодааст. ҳамин имтиёз барои аксари соҳибкорон имкон фароҳам овард, ки дар ободонии диёр ва рушди деҳот саҳми бештари худро гузоранд. Тавре дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъкид месозанд: “Бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда мехоҳам як нуктаро таъкид намоям: ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад...”. Такя бар ин гуфтаҳо ватандӯстону соҳибкорони деҳа Ҷ.Маҷидов 200 метр кӯчаи ба номи М.Ашӯров, Н.Носиров – 125 метр кӯчаи ба номи А.Қаюмов ва И.Эшонов 200 метр кӯчаи ба номи А.Ҷомиро мумфарш ва чароғон намуданд, ки алҳол сокинони ин маҳалҳо аз чунин иқдоми шоиста хеле миннатдоранд.

Мардуми деҳот дар баробари мумфаршкунии роҳҳо, инчунин дар беҳтар гардидани вазъи таъминоти оби ошомиданӣ ва полезӣ низ иқдом намудаанд. Соҳибкорони маҳаллӣ А.Раҳимов 800 метр кӯчаи Пахтакорро мумфарш ва ҷӯйборашро бетонпӯш намуда, 120 метр кӯчаи ба номи М.Қодиров аз ҷониби Н.Ҳоҷибоев ва 250 метр кӯчаи ба номи Деҳотӣ бо дастгирии М.Воҳидов мумфарш гардид.

Дар ободонии деҳот сокинон низ бетараф нестанд. Мардуми маҳал ҳама сарҷамъона 340 метр кӯчаи Масҷиди Сурхро мумфарш, ҳазор метри мураббаъ роҳравҳои кӯчаи ба номи Ҳодӣ Кенҷаевро сафолакпӯш ва 70 метр роҳро мумфарш намуданд. Дар ободонии 150 метри мураббаъ майдони назди даромадгоҳи ҷамоат низ сокинон саҳм гузоштанд.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат се соли минбаъда “Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва чунин паём имкон медиҳад, ки дар шаҳраку деҳоти кишвари офтобрӯя соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ боз ҳам рушд ёбад, ҳар як маҳаллу гузаргоҳҳои он обод гардад. Тавре дар ин бобат Президенти мамлакат таъкид медоранд: “Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.”

Ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои маорифу тандурустӣ низ омодагии пурра дида истодаанд. Чунончӣ, ба ин муносибат бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва соҳибкорон кӯдакистони “Зебо”, китобхонаи рақами 9, марказҳои саломатӣ дар маҳаллаҳои “Тоҷикистон”, “Қинтириқ”, Сатторов, “Баҳористон”, Қистакӯз ва “Бахт” воқеъбуда таъмир, таъмири ҷории мактабу кӯдакистонҳо, ду Хонаи саломатӣ, сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 80 ва 40, азнавсозии варзишгоҳҳо дар назди МТМУ рақамҳои 34, 54, 84 ва 80, умуман, ободонӣ ва корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Пас аз таъмири шуъбаи амрози асаб дар Беморхонаи марказии деҳот ҳолати ташноби он низ ба ҳолати аввалааш баргардонида, ҳуҷраҳои бозии бачагона ва шуъбаи амрози бачагона таъмир ва роҳравҳо сафолакпӯш гардида, барои мутахассисони соҳа баҳри ташхис ва муолиҷаи беморон бо усули муосир шароит фароҳам гардидааст.

Соли равон баҳри амалигардонии қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия доир ба ободонӣ ва рушди деҳот аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳал ва соҳибкорон дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз идома дорад. Имсол аз 54 банд нақша ва чорабиниҳое, ки ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳия ва беш аз 25 адади он иҷро гардидааст. Ба монанди, насби трансформаторҳо дар маҳаллаҳои Бахт, Ҷавғал ва ба номи Д.Азизов, дар масофаи ҳафт километр чароғонкунии кӯчаҳои маҳаллаҳои Сино, Ҳавузаки Поён, Тоҷикистон, Қ.Ҳобилов ва А.Нозиров, сохтмони марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, ҳаммому сартарошхона, тозакунии заҳбуру заҳкашҳо ва дигар корҳои ободонӣ идома дорад.

Дар умум, мардуми меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Хистеварз баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихӣ - 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъйу кӯшиш доранд, зеро аҳолии сернуфузи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ватандӯсту ободкор буда, дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ободонии маҳаллу осудагии ҷомеа саҳми хешро мегузоранд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh