ОБОДОНӢ САМАРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

1300 рӯзи ободонӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамоати деҳоти Fозиёни ноҳияи Бобоҷон Fафуров яке аз маҳалҳои аҳолинишине ба шумор меравад, ки беш аз 22 ҳазор cокин дошта, мардуми маҳал ҳамарӯза барои ободу зебо гардонидани диёри худ саъйу кӯшиш доранд. Сокинони маҳаллаҳои Седаста, Гумбаз, Қаҳрамон, Fозиён, Чорсу, Қотма, Деҳаи Боло ва Деҳаи Поён бо кору фаъолияти хеш баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Мардуми деҳа чанд сол инҷониб аз таъмирталабии клуби ҷамоат дар ташвиш буданд ва чорабиниҳои фарҳангию маданиашонро дар толорҳои муассисаҳои таълимӣ мегузарониданд. Фарҳангиёни деҳа хоҳони он буданд, ки ҳарчӣ зудтар клуби ҷамоат аз таъмири хушсифат бароварда шаваду онҳо бо барномаҳои рангин ҳаводорону дӯстдорони барномаҳои ҷолибро дар клуб ҷамъ оваранд.

Хушбахтона, дар доираи 1300 рӯзи ободонӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қатори дигар корҳои ободонӣ клуби ҷамоат аз таъмири хушсифат бароварда шуда, аҳли фарҳанг бар он ақидаанд, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои таърихӣ равона хоҳанд кард.

Сокинони деҳа, бахусус нафақахӯрону аҳли зиё имрӯз аз ташкил шудани бинои филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» изҳори шодмонӣ доранд. Зеро онҳоро мебоист, ки барои гирифтани музди маошу нафақаи худ, пардохти ҳаққи хизматрасонии барқу об, интиқоли маблағ ва истифода аз дигар хизматрасониҳои «Амонатбонк» роҳ сӯи маркази вилоят ва ё ноҳия пеш гиранд. Акнун бо ташкил шудани нуқтаи хизматрасонӣ роҳи онҳо наздик ва мушкилашон осон гаштааст.

Соҳибкор И.Бобоҷонов иқдоми некеро, ки сокинони кӯчаи ба номи Саиднисо Раҳмоноваи деҳаи Гумбазро шод мегардонад, амалӣ кард. Бо иқдоми ин марди саховатпеша ва дастгирии мардуми маҳал масофаи 2 километр роҳ чароғон шуда, бо шинондани симчӯбҳо ва кашидани хатти барқ алҳол равшанӣ дар ин макон ҳукмрон аст. Аҳолии кӯчаи ба номи Саиднисо Раҳмонова ин иқдомро самараи Истиқлолият ва дастгирии давлату Ҳукумат дониста, ваъда доданд, ки барои ободии Ватани хеш тамоми кӯшишу ғайраташонро равона месозанд.

Обро манбаи ҳаёт мегӯянд. Ҳамарӯза барои таъмини эҳтиёҷоти рӯзгор, шодоб гардонидани замин ва аз ҳама муҳимаш, барои нӯшидан об зарур аст. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳаҷми захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва сифати он, ки минтақаҳои мухталифи оламро ба вазъи ташвишовари экологӣ расонидааст, эътибори махсус дода, таъкид гардидааст: «Бар асари зиёд шудани аҳолӣ дар минтақаи мо ва умуман, дар сатҳи глобалӣ, талабот ба захираҳои об босуръат афзоиш меёбад. Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи об, айни замон, ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида шудааст.

Мо омодаем, ки захираҳои бузурги оби нӯшокиамонро ба манфиати минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем. Тибқи нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, инчунин, мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан, деҳот бояд ҳал карда шавад».

Дар доираи амалӣ гардидани ин нуктаҳои Паёми Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои кашидани хатти оби нӯшокӣ ба Деҳаҳои Боло, Fозиён, Гумбаз, Поён, Fозиён - 1 ва Чорсу ба масофаи 4 ҳазору 800 метр иқдом карданд. Алҳол шодмонии аҳолии деҳаҳои номбурда ҳадду канор надорад, зеро кунун масъалаи нарасидани оби нӯшокӣ ва танқисии он аз байн рафт.

Муовини раиси Ҷамоати деҳоти Fозиён Гулчеҳра Холматова иброз дошт, ки аҳолии деҳа ва масъулин ҷиҳати таъмири ҷории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 11, 20, 21, 62, кӯдакистони № 17 - уми деҳаи Қотма, ташкили нуқтаи хатнагузаронӣ дар Маркази саломатии Fозиён, сохтмони варзишгоҳи хурд дар муассисаҳои таълимии №№21 ва 11, шағалпӯш кардани кӯчаи ба номи М.Рустамов ба масофаи 1 километр ва дигар корҳои ободонӣ камари ҳиммат бастаанд. Аҳолии ҷамоат бар он ақидаанд, ки ҷашни эҳёи Ватанро бо дастовардҳои созанда ва навин истиқбол хоҳанд кард.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh