Хуҷанд. Мумфаршкунии кӯчаи ба номи Абулқосим Фирдавсии маҳаллаи Ҷаббор Расулов оғоз ёфт

Рӯзи шанбеи 6 июл бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба мумфаршкунии роҳи кӯчаи ба номи Абулқосим Фирдавсии маҳаллаи Ҷаббор Расулов ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони маҳал иброз дошт, ки  бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шуда, дар садҳо иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз оғози маъракаи мумфаршкунӣ як қатор кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла кӯчаҳои ба номи Мақсудҷон Танбурӣ, Ҳаким Карим, академикон Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, Саиднофеъ Саидвалиев, Абӯлаӣ ибни Сино, Чайковский, Озодӣ, Мунзифа Ғаффорова, Деҳқон, дохили маҳаллаи Баҳор, микроноҳияи 12-ум ва ғайраҳо мумфарш карда шуданд.

Дар идомаи корҳои ободонӣ роҳи кӯчаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ки аз буриши кӯчаи Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Гагарин мерасад, наздик 2 километр буда, паҳноии он то 12 метр мебошад. Пудратчии корҳо ҶДММ “Тоҷроуд” буда, тибқи нақша дар муҳлати даҳ рӯз корҳои мумфаршкунӣ ба анҷом хоҳанд расид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки кӯчаи Абулқосим Фирдавсии маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал мумфарш карда мешавад.

Солҳои охир муроҷиати мардум бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба харобии кӯчаи номбурда бештар ба назар мерасид. Ҳамакнун баъди гузаронидани хатти об ва ташноб тариқи кӯчаи мазкур он мумфарш гардида истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh