Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Лю Бин

Нимаи дуюми рӯзи 4 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушду тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати тақвияти муносибатҳо баён доштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот таъкид кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи саноат ҳамкориҳои самаранок доранд. Дар ин ҷода аз фаъолияти пурсамари корхонаҳои муштарак дар вилояти Суғд ёдоварӣ карда шуд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон аст ва ҷонибҳо метавонанд дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, сайёҳӣ, хоҷагии қишлоқ, соҳаи саноати сабук ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол аз вилояти Суғд ба Ҷумҳурии мардумии Чин меваҳои шаҳдбор, аз ҷумла гелос содирот шуд ва доираҳои тиҷоратии ҳарду ҷониб метавонанд минбаъд дар ин самт низ робитаҳоро беҳтар намоянд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин барои пазироии самимӣ изҳори сипос кард. Ли Бин иброз дошт, ки дар ҳақиқат густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба манфиати ҷонибҳост ва дар ин росто сафорат барои беҳтаршавии робитаҳо ва ҷалби сармояи чинӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh