ШАРИФОВА МАВЛУДА
- Details
- Published on Wednesday, 25 December 2013 20:25
10-уми декабри соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, дар мактаби миёнаи № 20-уми шаҳр таҳсил намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро баъди хатми шӯъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯз-гории ба номи С.М.Кирови Ленинобод аз соли 1976 ба ҳайси сармуҳаррири нашрияи донишкада «Маҳорати педагогӣ» оғоз намудааст. Солҳои 1978-80 дар шӯъбаи журналистикаи Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд таҳсил карда, баъди ба анҷом расонидани он дар вазифаҳои мудири шӯъба ва муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» то соли 1998 адои вазифа кард.
Соли 1998 сармуҳаррири нашрияи «Тирози ҷаҳон»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин шуд.
Шарифова Мавлуда солҳои тӯлонӣ вазифаи раиси созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Рисолат ва мақоми зан дар ҷомеа аз мавзӯъҳои дӯстдоштаи ӯст. Ҳангоми фаъолият дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» мутасаддии саҳифаи розу ниёзи занону духтарон «Парасту» буд ва тавассути очерку мақолаҳои публисистиаш мушкилоти рӯзгори бонувонро ба ҷомеа мерасонд ва дар гирди доғтарин масъалаҳои рӯз афкори ҷамъиятро ба амал меовард. Айни замон дар шӯърои ҷамъиятӣ фаъолият дорад.
Бо ҳамин гуна навиштаҳои пурмӯҳтаво дар озмунҳое, ки рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ташкил кардаанд, ширкат варзида, ғолиб гаштааст. Муаллифи очерку мақола ва се китоби калонҳаҷми бадеӣ ва публитсистӣ бо унвони «Ҷӯрабек Муродов», «Ҷамолу зинати дунё» ва «Тӯхтабой Fаффоров» мебошад. Ӯ дорандаи Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи адабии вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва чандин ифтихорномаҳои Ҳукумати шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, нишонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Ҷоизаи байналмилалии «Оини бародарӣ» мебошад.
Шарифова Мавлуда ҷамоатчии фаъол буда, узви раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви раёсати кумитаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи Раиси вилоят, узви раёсати иттифоқи касабаи соҳаи фарҳанги вилояти Суғд мебошад.