ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)

3-юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёиёни асил ба дунё омадааст.

Узви ИН (1988). Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинободро соли 1985 хатм кардааст. Дар оғози фаъолият чанд муддат омўзгори кафедраи психологияи ИДПЛ буд.

Мояи ифтихори аҳли қалами «Ҳақиқати Суғд» аст, ки Фарзона маҳз дар ин даргоҳи муқаддас зинаҳои нахустини камолоти пуршӯри эҷодии хештанро сипарӣ карда, аз лутфу меҳрубониҳо ва сабақҳои гаронмояи устодонаш Озод Аминзода ва Аҳмадҷони Раҳматзод баҳраманд шудааст. Ҳини дар шӯъбаи адабӣ ва маишии рӯзнома кор кардан саҳифаи пуровозаи «Аржанг»-ро таъсис дода буд, ки то кунун аз лавҳи хотири мухлисони сершумор зудуда намешавад.

Фарзона солҳои пасин аввал омўзгори кафедраи адабиёти тоҷики ИДПЛ, сипас мушовири бахши назми шўъбаи вилоятии ИН Тоҷикистон буд. Алҳол муовини раиси Комитети вилоятии ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Fафуров аст.

Нахустин шеърҳои Фарзона дар рўзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» соли 1982 дарҷ гардидаанд. Минбаъд чакидаҳои килки шаҳдрези ў дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», рўзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Газетаи муаллимон», «Садои мардум» чоп шудаанд. Ашъори Фарзона дар маҷмўаҳои «Риштаборон» (1984), «Барги сабз» (Душанбе, 1987), «Тулўи хандарез» (Душанбе,1987) нашр шудаанд. Маҷмўаҳои ашъори ў бо номҳои «Шабохуни барқ» (Душанбе,1989), «Ояти ишқ» (Душанбе,1994), «То бекаронаҳо» (Хуҷанд, 1998) интишор шудаанд. Дар тарҷумаи Т. Смертина маҷмўаи ашъори ў бо забони рўсӣ бо номи «Двадцать лепестков» чоп шудааст (Москва, Советский писатель,1990). Шеърҳои ў дар хориҷа: Амрико, Бритониё, Фаронса, Покистон, Эрон чоп шудаанд. Ашъори Фарзона ҳамчунин ба забони ўзбекӣ тарҷума шудааст.

Маҷмўаи ашъори нобаш бо номи «Паёми ниёгон» соли 1996 дар Эрон чоп шудааст. Бо ҳуруфоти форсӣ ҳамчунин маҷмўаи «Сояи ғазал» ба табъ расидааст. Ба шеърҳои бисёри эшон оҳангҳои дилписанд баста шудаанд.

Фарзона Шоираи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рўдакӣ, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони ҷумҳурӣ ба номи устод Мирзо Турсунзода мебошад.