ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
- Details
- Published on Wednesday, 25 December 2013 17:54
2-юми ноябри соли 1951 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Fафуров чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Мактаби №6-уми деҳаро хатм кардааст. Донишгоҳи давлатии шаҳри Тошканд, факул-таи журналистикаро ба итмом расонда, аз моҳи июли соли 1973 ба рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ба ҳайси ходими адабӣ ба фаъолият оғоз кардааст. То охири соли 1990 дар рӯзнома мухбир, мухбири калон, мудири шӯъба буд. Очерку мақолаҳои ӯ дар рӯзномаҳои марказии собиқ СССР -«Известия», дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурии Ӯзбекистон нашр шудаанд. Бо ҷоизаи ИЖ Тоҷикистон тақдиронида шудааст.
Маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ «Қотили Спитамен» (Тошканд), «Сарнавишт» (Хуҷанд), «Хонаи синҷдор» (Тошканд) чоп шудаанд. Ҳамчунин ҳикоя ва қиссаҳои ӯ дар барномаҳои телевизионии Тоҷикистон (Душанбе) ва ӯзбекистон (Тошканд) садо додаанд.